Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркиши марговари як маргталаб дар Исломобод


Таркиши як мошин дар назди сафорати Дания дар Исломобод ҳадди ақал 5 кушта ва беш аз 10 захмӣ бар ҷой гузошт.

Шумори дақиқи кушташудаҳо ва захмиён феълан маълум нест. Бархе аз манобеъ бо такя ба афроде аз пулиси маҳаллӣ шумори кушташудаҳоро ҳашт нафар мегӯянд.

Мақомот гуфтаанд, мошин, ки аз ҷониби маргталаб идора мешуд, ҳудуди 30 кило маводи мунфаҷира дошт. Инфиҷор ба бинои сафорати Дания зарар расонида, аз ҷумла дарвозаҳои сафорат ва мошинҳои гирду атрофро хароб кардааст.

Раҳмон Малик, мушовири вазири дохилаи Покистон ба журналистон гуфтааст, ҳувияти муҳоҷим ҳанӯз маълум нест. Ҷаноби Малик шумори кушташудаҳоро панҷ нафар номид ва гуфт, чаҳортои онҳо покистонӣ буда, аз он миён ду нафарашон пулис мебошанд. Ӯ гуфт, шахсияти мақтули панҷум, ки хориҷӣ будааст, ҳанӯз маълум нашудааст.

Яке аз фарзияҳои нахустини зери ҳадаф қарор гирифтани сафорати Данияро Раҳмон Малик ба нашри ахири карикатураҳо дар рӯзномаҳои чопи ин кишвар марбут медонад.

XS
SM
MD
LG