Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беш аз 123 000 паноҳандаи афғон ба ватан баргаштанд


СММ гуфт, ки соли ҷорӣ бо кӯмаки Комиссариати Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон ба Афғонистон беш аз 123 ҳазор паноҳанда баргардонида шуданд. Аксари онҳо аз Покистон ва боқӣ аз қаламрави Эрон худ баргаштаанд. Аммо сухангӯи ин ниҳод Муҳаммад Нодири Фарҳод ҳушдор дод, ки бо сабаби ноамниҳову мушкилоти идомаёбандаи иқтисодӣ ҳанӯз Афғонистон тавони қабули шумори бештари паноҳандагонро надорад. Шурӯъ аз соли 2002 бо кӯмаки Комиссариати Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон беш аз чаҳор миллион паноҳандаи афғон ба ватани худ баргаштанд. Феълан шумори гурезаҳои афғонистонӣ дар Покистон ду миллион ва дар Эрон як миллион нафарро ташкил медиҳад.
XS
SM
MD
LG