Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чин аз обхезӣ дар минтақаи зилзила пешгирӣ мекунад


Баъди кӯчонидани 200 000 сокини минтақаи зери хатар мақомоти Чин ба оббарорӣ аз кӯл омодагӣ мегиранд. Ҳамчунон ба тахминан як миллион нафар дастур дода шудааст, ки дар ҳоли зарурат ба кӯчбандии фаврӣ тайёр бошанд. Кӯли Тангҷияскан 12-уми май пас аз фурӯрезии кӯҳ дар натиҷаи зилзила ба вуҷуд омадааст. Мақомоти Чин саъй доранд аз обхезии берун аз назорат ҷилавгирӣ кунанд.
Хабаргузории расмии Синҳуа навиштааст, ки бунёди як канал барои баровардани об такмил шуд ва рӯзи якшанбе хушконидани кӯл шурӯъ мешавад.
Дар хабари дигари Синҳуа омадааст, ки дар наздикиҳои маркази зилзилаи 12-уми май дар шароити номусоиди ҳаво як чархбол бо 14 нафар сарнишин бе ному нишон шуд. Амалиёти ҷустуҷӯву наҷоти сарнишининони чархбол идома дорад.

XS
SM
MD
LG