Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фурӯши нос дар Туркманистон манъ гардид


Дар бисёре аз кишварҳои дунё кашидани сигор дар ҷойҳои ҷамъиятӣ мамнӯъ аст...
Дар бисёре аз кишварҳои дунё кашидани сигор дар ҷойҳои ҷамъиятӣ мамнӯъ аст...

Ба эътиқоди табибон, истифодаи тамоку умри инсонро ба ҳисоби миёна то 15 сол кам мекунад ва соле аз кашидани он 660 000 одам ба ҳалокат мерасад.

Созмони ҷаҳонии беҳдошт ҳанӯз соли 1987 ба хотири ҷалби таваҷҷуҳи ҷаҳон ба доманаи густариши истифодаи тамоку 31-уми майро рӯзи ҷаҳонии мубориза бо тамоку эълон карда буд.
Рӯзи ҷаҳонии мубориза алайҳи тамоку имсол ба масоъили ҷилавгирӣ аз ҷалби ҷавонон ба ин “вабо” бахшида шудааст.
Тамоку як иллати аслии фавти афрод дар ҷаҳони муъосир дониста мешавад. Бино ба оморҳо, аз сеяк то нисфи мавридҳои фавти афрод маҳз ба далели истифода аз анвоъи мухталифи тамоку иттифоқ меуфтад ва, ба гуфтаи табибон, истифодаи тамоку умри инсонро ба ҳисоби миёна то 15 сол кам мекунад.
Созмони ҷаҳонии беҳдошт эълом намудааст, ки истифодаи тамоку метавонад то поёни асри ҷорӣ иллати марги то 1 миллиард нафар шавад. Албатта, дар сурати аз иттихози маъракаи мубориза бо тамоку ҳамчунон сар печидани давлатҳо.
Вале, чун дар Русия, аз таблиғи он ҳамоно даст накашидаанд
Ба ҳисоби мақомоти Иттиҳодияи Аврупо, ки дар маъракаи ҷаҳонии мубориза алайҳи тамоку нисбат ба бахшҳои дигари сайёра пешсаф аст, танҳо дар қаламрави ин Иттиҳодия бар асари истифодаи тамоку дар як сол 660 000 нафар ҷони худро аз даст медиҳанд. Яъне ба ҳисоби миёна, истифодаи тамоку дар ин қаламрав ҳар рӯз теша ба ҷони тақрибан 1800 нафар мезанад.
Иттиҳодияи Аврупо ба хотири мубориза бо ин вабо, ки сол то сол густариши бештар пайдо кардаву шумори ҳарчи бештари ҷавононро ба домани худ мекашад, як силсила иқдомоти ҷиддӣ рӯи даст гирифтааст. Қимати ҳар ҷаъба ё қуттии сигарет дар Аврупо аз 3 доллар оғоз мешавад ва ҳар корхонаи тавлиди тамоку муваззаф аст, тақрибан нисфи муқоваи ҳар қуттии сигаретро бо чунин огаҳиҳо: “Сигор қотили шумост”, “Сигор мунҷар ба саратон мешавад” ё “Сигор ба безурётӣ мебарад” пур кунанд.
Бисёре аз кишварҳои ин қорра кашидани тамокуро дар ҷойҳои ҷамъиятӣ мамнӯъ эълон кардаанд. Ҳамин тавр, кашидани сигор дар ошхонаҳову тарабхонаҳои аксари кишварҳои Аврупо ва ҳатто дар Туркия манъ шудааст. Дар Ҷумҳурии Чех, масалан, шумо ҳатто дар истгоҳи трамвай ё автобус ҳаққ надоред, ба истилоҳ, “дуд кунед”. Фаронса истифодаи тамокуро дар маҳалли таҷаммӯъи ҷавонону наврасон, аз ҷумла дар макотиб, манъ кардааст.
Истеҳсоли маводди тамокудор як соҳаи даромадноки баъзе аз кишварҳост
Дар кишварҳои Ғарб солҳост, ки фурӯхтани сигор ба афроди синнашон зери 18 сол қатъиян манъ буда, нақзи он шадидан муҷозот мешавад. Соли 2004 Бутан, кишваре дар байни Ҳинду Чин, нахустин кишвари ҷаҳон буд, ки фурӯши сигорро дар қаламраваш комилан манъ кард. Дар Ирландия, инчунин бисёре аз аёлатҳои ИМА чанд сол боз кашидани сигор дар корхона комилан мамнӯъ аст.
Акнун бисёре аз ширкатҳо дар Ғарб ба ҳангоми истихдоми коргар ба ин мавзӯъ таваҷҷуҳи зиёд нишон медиҳанд ва корфармоён ба нафаре, ки сигор намекашад, нисбат ба оне, ки “дуд мекунад”, бартарӣ медиҳанд. Ҳатто ширкатҳои бимаи тиббӣ низ барои онҳое, ки аз сигоркашӣ даст мебардоранд, имтиёзоти мушаххасеро қоил мешаванд.
Иттиҳодияи Аврупо ҳамин тавр, муваффақ шуд, доманаи таблиғи тамокуро ба таври чашмгир коҳиш диҳад. Охирини комёбии ин созмон ба қатъи ҳамкорӣ бо ширкатҳои тавлидкунандаи маводди тамокудор маҷбур кардани масъулони “Формула 1”, муътабартарин сабқати мошинҳои варзишӣ, буд. Имсол ҳеҷ як мошини “Формула-1” ба таблиғи кадом як аз анвоъи сигор даст назадааст.
Аммо созмони ҷаҳонии беҳдошт, бо ин вуҷуд, талошҳои анҷомшуда дар роҳи мубориза бо тамокуро нокофӣ дониста, таъкид мекунад, ки 40 дарсади кишварҳои ҷаҳон истифодаи тамокуро ҳатто дар бемористонҳо ва мактабҳо то кунун манъ накардаанд.
Созмони ҷаҳонии беҳдошт ба унвони мисол ба ин ишора мекунад, ки мамолики ҷаҳон ба маъракаҳои мубориза алайҳи тамоку маблағи ночизеро сарф мекунанд, ки назар ба фоидаи аз молиёти аксизи тамоку бадастовардаи онҳо 500 маротиба камтар будааст. Харҷи кишварҳои пешрафта агар назар ба фоидаи онҳо аз фурӯши тамоку 340 маротиба камтар бошад, ин рақам дар кишварҳои фақири дунё 9 000 маротиба фарқ мекардааст!
Сигоркашӣ инсонҳоро ҳам оқибат ба чунин ҳолат гирифтор мекунад
Дар кишварҳои Осиёи марказӣ ба ҷуз аз сигор, аз навъи маҳаллии тамоку – нос – ҳам баъзеҳо истифода мекунанд, ки ба сиҳҳати эшон хатар эҷод мекунад.
Дар арафаи рӯзи ҷаҳонии мубориза аалайҳи тамоку, раисҷумҳури Туркманистон Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов фурӯши носро дар кишвар манъ кард.
Мақомоти ин кишвар дар шарҳи иқдоми мазкур гуфтаанд, ки кашидани нос иллати гирифторӣ ба бемориҳои силлу саратон мешавад.
Аммо дар дигар кишварҳои Осиёи марказӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон, маъракаҳои густурдае барои мубориза бо носу сигор то кунун роҳандозӣ нашудааст.
Истифодаи тамоку дар ҷойҳои, ба истилоҳ, ҷамъиятии ин кишварҳо, аз ҷумла дар Тоҷикистон, мамнӯъ нест ва ҳатто дар рӯзи ҷаҳонии мубориза бо тамоку дар Душанбе ва минтақаҳои дигари Тоҷикистон ба ин муносибат нишасте ва ё ҳатто як гирдиҳамоӣ ташкил надодаанд.
XS
SM
MD
LG