Созмони ҷаҳонии беҳдошт дар рӯзи ҷаҳонии мубориза алайҳи тамоку – 31 май аз давлатҳои ҷаҳон даъват кард, ба хотири ҷилавгирии ҷавонон аз кашидани тамоку таблиғи тамокуро дар кишварҳои худ манъ кунанд.
Созмони ҷаҳонии беҳдошт мегӯяд, оморҳо ҳокист, ки аксари мардум то синни 18-солагӣ ба кашидани сигор ва анвоъи дигари тамоку шурӯъ мекунанд.
Дуглас Бетчер, мудири созмони мавсум ба “Ибтикор ба хотири раҳоӣ аз тамоку” гуфт, истифодаи тамоку дар кишварҳое, ки таблиғи онро манъ кардаанд, то 16 дарсад коҳиш ёфтааст.