Ин форум ҳафтаи равон дар доираи Форуми панҷуми ҷаҳонии об сурат гирифт.
Анатолий Рябсев, вазири захоири оби Қазоқистон, гуфт, яке аз лоиҳаҳои густардае, ки кишвараш бо кӯмаки молии Бонки Ҷаҳонӣ таҳти иҷро қарор додааст, ба хотири ҷилавгирӣ аз хушкшавии қисмати шимоли ҳавзаи Арал раҳандозӣ шудааст. Ба гуфтаи оқои Рябсев, дар оғози солҳои навадуми қарни гузашта ҷомеъаи ҷаҳонӣ борҳо ваъда кард, ки ҷиҳати ҳифзи ҳавзаи Арал дасти кӯмак дароз хоҳад кард, вале ин ваъдаҳо иҷро нашуданд.
Мавсуф гуфт, аз ин лиҳоз Қазоқистону Узбакистон ва Туркманистон маҷбур шуданд, ки дар ин маврид тибқи имкониятҳои дохилӣ гом бардоранд. Бар асоси суханони вазири захоири оби Қазоқистон, дар ҳамин ҳол пиёда кардани чорабиниҳо ҷиҳати ҳифзи ҳавзаи Арал натиҷаҳои чандон самарбахш нахоҳанд дод. Аммо кишвараш ба он ноил шуд, ки дар қисмати шимоли ҳавзаи Арал сатҳи об ба чаҳоруним метр афзоиш ёбад.
Ба гуфтаи Бароталӣ Қушматов, мудири Департаменти захираҳои оби Қирғизистон, таъмини оби тозаи ошомиданӣ ба аҳолии кишвараш дар сатҳи ҷумҳурӣ баррасӣ мегардад. Ба гуфтаи мавсуф, аҳолии Қирғизистон то соли 2015 пурра аз оби тозаи ошомиданӣ бархурдор хоҳад шуд. Вай афзуд, ки дар ин замина вазъияти устувори экологӣ низ дар кишвар таъмин мегардад. Бароталӣ Қушматов гуфт, дар Қирғизистон як лоиҳа таҳти иҷрост, ки 70 миллион доллари амрикоиро тақозо намудааст.
Президенти Қирғизистон Қурмонбек Боқиев рӯзи ҷумъа зимни як мулоқоташ бо Вейсел Эроғли, вазири обёрӣ ва ҷангалпарварии Туркия, дар Бишкек гуфтааст, кишвараш дар Осиёи Марказӣ дар мавриди манобеъи оби тоза яке аз ҷойҳои аввалинро ишғол мекунад. Ба гуфтаи президент Боқиев, дар форуми ҷаҳонии об, ки соли оянда дар Истамбули Туркия баргузор хоҳад шуд, масъалаи оби тоза ба таври густарда баррасӣ хоҳад шуд.
Аммо манобеъи расмии Тоҷикистон мегӯянд, ки дар Тоҷикистон, ки гуфта мешавад, манбаъҳои фаровони оби тозаи ошомиданӣ дорад, таъмини аҳолӣ ба ин об хеле ба кундӣ пеш меравад. Салими Яъқубзод, вазири обёрӣ ва захоири оби Тоҷикистон, дар ин замина дар форуми оби Бишкек гуфт, ки дар ҳудуди 2 миллиону 900 сокини кишвараш ба таври муназзам ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ надоранд. Вай афзуд, ки аксарияти аҳолии ба оби тоза дастрасӣ надошта дар рустоҳо ба сар мебаранд,
Иштирокчиёни форуми оби Бишкек дар баробари масъалаи танзими захоири оби рудхонаҳои Тоҷикистону Қирғизистон, ҳамчунин ба масъалаҳои экологӣ, ба вижа раҳоӣ аз буҳрони экологӣ, таъмини мардум бо оби ошомиданӣ ва масоъли дигар, табодули назар карданд.