Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Стокҳолм роҳи умеди Ироқро меҷӯянд


Нурӣ Моликӣ
Нурӣ Моликӣ

Намояндагон аз тақрибан 100 кишвар ва созмони байналмилалӣ имрӯз, 29 май, дар як анҷумани байналмилалӣ дар Стокҳолм, пойтахти Шветсия, роҳҳои бозсозӣ ва рушди Ироқро баҳс мекунанд.

Масоили аслии матруҳа дар ин ҳамоиш ботил кардани қарзҳои пешини Ироқ, эъмори муҷаддади иқтисоди он кишвар, масоили интихобот, фасод, истихроҷи нафт ва бӯҳрони паноҳандагони ироқист. Ва аммо интизори Бағдод аз ин анҷуман бештар рӯи қарзҳои чандмиллиарддоллариест, ки аз даврони Саддом Ҳусайн ба мерос мондаанд.

Нурӣ Моликӣ, сарвазири Ироқ дар анҷумани Стокҳолм аз ҷомеаи байналмилалӣ даъват кард, қарзҳои аз даврони Саддом Ҳусайн ба меросбурдаи кишварашро бубахшанд. Нурӣ Моликӣ гуфт, хисороти ҳангуфти ҷанг ҳамроҳ бо 67 миллиард доллар қарзи аз даврони Саддом Ҳусайн бамеросбурдаи давлати кунунии Ироқ як бори гароне дар роҳи рушди ин кишвари ҷангзада шудааст. Бахши аъзами ин қарзҳо ба кишварҳои арабӣ, аз ҷумла Арабистони Саудӣ, Кувайт, Имороти Муттаҳидаи Араб ва Қатар тааллуқ мегирад.

Фредрик Рейнфелдт, сарвазири Шветсия, мизбони анҷуман дар арафаи гушоиши ҳамоиш аз кишварҳои ҷаҳон хост, дар эъмори муҷаддади он кишвар фаъолона саҳм бигиранд. Бан Ки Мун, дабири кулли СММ дар анҷумани бозсозии Ироқ дар Стокҳолм гуфт, Ироқ ба оҳистагӣ худро аз вартаи нобудӣ берун мекашад.

Бан Ки Мун: “Мардуми Ироқ ҳамчунон аз амалҳои террористӣ, хушунатҳои мазҳабӣ ва ҷинояткорӣ ранҷ мекашад. Бисёриҳо иҷборан тарки манзил кардаву хелеҳо ба мавридҳои нақзи ҳуқуқи башар рӯбарӯ шудаанд. Бавижа, занон ва намояндагони ақаллиятҳо. Хадамоти ҳаётан муҳим тақрибан арза намешавад. Бо ин вуҷуд, агар шумо хоҳед, ки ман вазъи Ироқро бо танҳо як вожа арзёбӣ кунам, ман вожаи “умед”-ро интихоб мекардам.”

Вазири хориҷаи Амрико Кондолиза Райс гуфт, аз чанголи Саддом Ҳусайн раҳо кардани мардуми Ироқ иштибоҳ набуд. Ӯ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хост, дар амри ёриву ҳамдастӣ ба Ироқ дар роҳи беҳбуди вазъи амниятӣ ва роҳандозии ислоҳоти сиёсӣ аз худ дареғ надоранд. Ҳамтои шведии ӯ Карл Билдт, ки аз минбари анҷумани Стокҳолм сухан меронд, хостори саҳми бештари ҷамъияти сунниҳои ироқӣ ва ҳамин тавр, кишварҳои суннимазҳаби минтақа дар таъмини суботи Ироқ шуд.

Дар даврони Саддом Ҳусайн дар саҳнаи сиёсии Ироқ сунниҳо бартарӣ доштанд, вале дар пайи суқути давлати Саддом аз ин саҳна рӯфта шуданд. Дар давлати кунунии Ироқ нақшҳои аввалро шиъаҳо ва курдҳо бозӣ мекунанд, вале дар айни замон, аксари ҷангиёни ироқиро сунниҳо ташкил медиҳанд.

Ҷалби сунниҳо ба сохторҳои кунунии идорӣ дар Ироқ дар паҳлуи шиъаҳову курдҳо як мавзӯъи дигари муҳимми баҳс дар нишасти Стокҳолм аст, ки беш аз 500 намоянда аз тақрибан 100 кишвар ва созмони байналмилалиро гирди ҳам овардааст.

XS
SM
MD
LG