Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти "таърихии" раҳбарони Чин ва Тайван


Дар Пекин мулоқоти раҳбарони Чин ва Тайван баргузор шуд. Раисиҷумҳури Чин Ҳу Ҷин Тао имрӯз раиси ҳизби ҳукмрони Тайван У Босюнро ба ҳузур пазируфт. Сардӣ дар равобити миёни ду кишвар замоне ба нармӣ гароид, ки дар интихоботи ахири раёсати ҷумҳурии Тайван Ҳизби пешоҳанги демократӣ - ҳизби пуштибон аз истиқлоли кишвар ноком шуд.

Дар Пекин мулоқоти раҳбарони Чин ва Тайванро “нишасти таърихӣ” номиданд. Дидору гуфтугӯи раҳбарони воломақоми ду кишвар барои нахустин бор дар 59 соли ахир доир гардид – соли 1949 Тайван аз Чин ҷудо шуда ва худро кишвари мухтор эълом карда буд.

XS
SM
MD
LG