Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ аз Русия тавзеҳот мехоҳад


Дируз Иттиҳоди Аврупо баъд аз интишори натиҷаҳои таҳқиқоти гуруҳи бозрасони СММ аз Маскав хост дар мавриди суқути ҳавопаймои бесарнишини Гурҷистон тавассути ҳавопаймои ҷангии Русия тавзеҳот диҳад. Дмитрий Рупел-вазири хориҷаи Словениё ин дархостро аз номи Иттиҳодияи Аврупо дар поёни мулоқоти вазирони хориҷаи узви ин созмон дар Бруксел ба миён ниҳод. Дар гузориши СММ гуфта мешавад, ки ҳавопаймои бесарнишини Гурҷистонро ҳангоми парвоз бар фарози минтақаи ҷудоихоҳи Абхозистон ҳавопаймои артиши Русия суқут додааст. Дар гузориш аз Гурҷистон низ интиқод шудааст, ки ҳавопаймояш дар давраи оташбас бар фарози Абхозистон ба парвоз даромадааст.
XS
SM
MD
LG