Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медведев имруз аз Қазоқистон ба Чин меравад


Имруз боздиди Дмитрий Медведев-раиси ҷумҳури Руссия аз Чин оғоз мешавад. Субҳи имруз боздиди вай аз Қазоқистон ба поён мерасад. Вай дируз бо Нурсултон Назарбоев-раиси ҷумҳури Қазоқистон дар Остона ҳамкориҳои энержии миёни ду кишварро баррасӣ кард. Онҳо дар як эъломияи ниҳоӣ гуфтанд, ки ҳар ду ҷониб дар бораи истихроҷи энержӣ ва ҳамлу нақли он ба бозорҳои ҷаҳонӣ ба тавофуқ расидаанд. Дмитрий Медведев аз Қазоқстон барои боздиди дуруза ба Чин меравад ва бо раҳбарони ин кишвар дидор ва гуфтугу мекунад.
XS
SM
MD
LG