Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чин дар Тоҷикистон ду корхонаи алюминий месозад


Имрӯз дар Пекин ширкати давлатии алюминии Тоҷикистон (ТАЛКО) бо як ширкати давлатии Чин созише дар мавриди бунёди ду корхонаи истеҳсоли алюминии фтор ва креолитро ба имзо расонд. Ширкати Чинӣ ӯҳдадор шудааст, ки ҳар ду корхонаро дар зарфи як сол ба истифода супорад.
Саёҳат Қодирова сухангӯи ширкати ТАЛКО мегӯяд: "Тибқи барномаи истифода аз маводи хоми дохилӣ, ки Тоҷикистон рӯи даст гирифтааст, дар зарфи 5 соли оянда беш аз 60% маводи хом барои истеҳсоли алюминий дар дохили Тоҷикистон тавлид хоҳад шуд".
Ба қавли ҳамин манбаъ ТАЛКО тасмим гирифтааст, ба истифода аз маводи хом ва захираҳои илмиву зеҳнии ҷумҳурӣ таваҷҷӯҳи бештар зоҳир намояд.
XS
SM
MD
LG