Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гази Туркманистон ба Аврупо мерасад


И. Алиев ва Қ. Бердимуҳаммадов
И. Алиев ва Қ. Бердимуҳаммадов

19-уми май дар Боку, пойтахти Озарбойҷон, сарвари Туркманистон Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов умеди Аврупо ба гази туркманиро тақвият дод.

Лӯлаи гази мазкур бояд қаламрави Русияро убур накунад ва вобастагии Аврупо аз Маскавро коҳиш диҳад.
Мулоқоти президенти Туркманистон Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов бо раисҷумҳури Озарбойҷон Илҳом Алиев ҳодисаи бузург аст, зеро дар мулоқоти ду раҳбар сарнавишти лӯлаи гази пайвасткунандаи конҳои баҳри Касрий ё худ дарёи Хазар бо кишварҳои аврупоӣ баҳс шуд. Феълан гази табиъии Туркманистон тавассути Русия ба Аврупо интиқол меёбад.
Лӯлаи нав имкон медиҳад, ки гази Туркманистон ба Озарбойҷон, сипас ба Туркия ва аз онҷо ба мамолики аврупоӣ содир шавад. Музокироти сохтмони чунин як лӯлаи нави интиқоли газ ҳанӯз солҳои 90-уми асри гузашта оғоз ёфта буд, вале хусумати байниҳамдигарии раҳбарони ду кишвар Сапармурод Ниёзов ва Ҳайдар Алиев боиси қатъи равобити миёни ин кишварҳо гашта буд.
Дар мулоқоти Боку баъзе конҳои гази бистари баҳри Каспий ҳам баҳс шуданд. Ин ҳам дар ҳолест, ки то ҳанӯз ин ду кишвар дар масъалаи мансубияти баъзе аз онҳо ихтилоф доранд.
Ба ҳар ҳол, болоравии нархҳо дар бозорҳои ҷаҳонӣ содироти гази табиъиро ба тиҷорати хеле ҳам фоидаовар табдил додааст ва ҳарду ҷониб мехоҳанд аз вазъ суде ба даст оранд.
Аксари лӯлаҳое, ки гази туркманиро ба хориҷ мебароранд, ба ширкати Газпроми Русия тааллуқ доранд. Чин ҳадаф дорад соли 2009-ум сохтмони лӯлаи гази Туркманистон – Чин тавассути Қазоқистонро шурӯъ намояд. Вале барои танзими содироти газ ба ғарб Туркманситонро лозим аст, ки аз тариқи баҳри Каспий то Озарбойҷон лӯлае бунёд кунад. Шореҳи сиёсӣ аз Озарбойҷон Озар Ҳасрат дар ин бора мегӯяд: " Дар ҳақиқат барои Туркманистон содирот ба мамолики ғарбӣ ба воситаи Озарбойҷон, дақиқтар гӯям, тавассути Қафқози ҷанубӣ муфид аст. Ин лӯла тавассути баҳри Каспий, ҷануби Қафқоз, Туркия, ҳавзаи баҳри Сиёҳ ба Аврупо убур мекунад".
Ин роҳе, ки шореҳи озарӣ пешниҳод мекунад, ба лоиҳаи Набуко мутобиқ аст. Лоиҳаи мазкур мавриди пуштибонии Иттиҳодияи Аврупо буда, интиқоли гази табиъӣ аз ҳавзаи баҳри Каспий то Австрияро дар бар мегирад.
Иттиҳодияи Аврупо аз вобастагии зиёд ба содирот аз Русия нигарон аст. Аз ин рӯ татбиқи лоиҳаи Набуко имкон медиҳад, ки гази Осиёи Марказӣ бидуни убур аз қаламрави Русия ба Аврупо расад.
XS
SM
MD
LG