Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯмаки Ҷопон барои сохтмони шоҳроҳ ба ҷануб


Сутому Хираока, сафири Ҷопон дар Тоҷикистон
Сутому Хираока, сафири Ҷопон дар Тоҷикистон

Ҷопон ва Тоҷикистон ҷиҳати ироаи кӯмак барои бунёд ва тармими роҳи Қӯрғонтеппа–Дӯстӣ қарордод имзо карданд.

Ҷониби Ҷопон бо ин мақсад ба маблағи 35 миллион доллари амрикоӣ ба Тоҷикистон кӯмак хоҳад кард. Сутому Хираока, сафири Ҷопон дар Тоҷикистон, ки баъд аз зӯҳри душанбеи 19 май бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, дидор ва мулоқот анҷом дод, гуфт, роҳи Қӯрғонтеппа-Дӯстӣ қисмати муҳими роҳи Душанбе-Панҷи Поён-Афғонистон-Покистонро ташкил медиҳад ва ҳарчи зудтар тармим ва навсозии он барои рушди иқтисоди минтақа мусоидат хоҳад кард.

Ӯ афзуд, “мо имрӯз қарордод барои тармим ва навсозии роҳи Қӯрғонтеппа–Дӯстиро ба имзо расонидем. Масъалаи кӯмаки Ҷопон ҷиҳати бунёди ин роҳ дар ҷараёни сафари президент Раҳмон ба Ҷопон дар соли гузашта ва мулоқоташ бо сарвазири кишвари мо матраҳ ва баррасӣ шуда буд”.

Ба эътиқоди коршиносон, сохтмони роҳи мазкур барои рушди иқтисод ва тиҷорат дар минтақа, тақвият ва густариши равобити байнулмилалии иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ ва инчунин кишварҳои Афғонистон, Эрон ва Покистон боаҳамият хоҳад буд. Зеро ин роҳ мустақим бо пули Дӯстӣ, ки бо сармояи Амрико ва дар фарози рӯди Панҷ дар марзи миёни Тоҷикистон ва Афғонистон бунёд шудааст, пайванд хоҳад шуд, ки дар ниҳоят имкони ба роҳҳои обӣ баромадани кишварҳои Осиёи Марказиро таъмин хоҳад кард.

Зимнан Ҷопон дар шумори кишварҳои асосии кӯмакрасон ба Тоҷикистон қарор дорад. Ва ин кишвар баъд аз ду моҳи касби истиқлолият мустақилияти Тоҷикистонро шинохта ва равобити дипломатии худ бо Тоҷикистонро барқарор кардааст. Аз соли 1993 то кунун Ҷопон дар доираи беш аз дусад барномаҳои ҳамкорӣ дар соҳоти мухталиф, омӯзишу парвариш, тандурустӣ, кишоварзӣ, фарҳанг, соҳибкории хурду мутавассит ва ҳамин тавр тармим ва навсозии роҳҳо ба иқтисоди Тоҷикистон беш аз 90 миллион доллар кӯмакҳои билоиваз кардааст.

Ба эътиқоди коршиносон, давлати Тоҷикистон низ моил аст, ки равобити худ бо кишвари Ҷопонро густариш бидиҳад. Зеро ин кишвар ба фарқ аз мамолики дигари ёрирасон, аз ҷумла Амрико ва кишварҳои ғарбӣ, барои дарёфти кӯмакҳо шартҳое ба мисли таъмини озодии баён, риояти гуногунандешӣ ва ҳифзи ҳуқуқи башар пеш намегузорад.

XS
SM
MD
LG