Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешбинии коҳиши рушди иқтисодии Тоҷикистон


Бонки аврупоии бозсохт ва рушд дар гузориши худ аз ҳукми зиндони Маъруф Орифов, раиси силсилаи фурӯшгоҳҳои мавсум ба “Орима”, ибрози нигаронӣ кардааст.

Ниҳоди молии мазкур дар моҳи январи соли ҷорӣ мизони рушди иқтисоди кишварҳои шӯравии собиқ барои соли ҷориро дар ҳудуди аз 5 то 5,5 дарсад пешбинӣ карда буд.
Ин 6 дарсад мизони рушд низ дар муқоиса бо 7,3 дарсад сатҳи солонаи рушди маҷмӯъи даромади нохолиси миллии ин кишварҳо, албатта, камтар аст, вале ба назари коршиносони Бонки аврупоии бозсохт ва рушд, кишварҳои ин минтақа, ки тоза ба иқтисоди бозорӣ гузаштаанд, ба ҳар сурат, тавонистаанд мушкилоти омада бар сари иқтисоди ҷаҳониро бо талафоти барои худ нисбатан камтаре пушти сар кунанд. Бонк дар иҷлоси солонааш дар Киев, пойтахти Украина, эъломнамуд, ки ғолибан кишварҳои коммунистии собиқ дар соли ҷорӣ ба таҳдиди ҷиддии таваррум рӯбарӯ хоҳанд шуд.
Бонки аврупоӣ мизони таваррумро, ки дар бисёре аз ин кишварҳо акнун бо рақамҳои даҳӣ пешгӯӣ мешавад, аз сахттарин мушкилоти феълии дар рӯбарӯи иқтисоди кишварҳои ин минтақа истода медонад. Гузориши ин бонк ҳокӣ аз он аст, ки дар сурати беҷавоб барҷой монданаш, таваррум метавонад хатари ҷастухези нархҳо ва қурби асъорро ба бор оварда ва дар ниҳоят кишварҳоро маҷбур ба тағйири ҷиддии сиёсатҳои молӣ кунад.
Жан Леммер, ки таййи 8 соли ахир раёсати бонки аврупоии бозсохт ва рушдро бар уҳда дошт ва дар иҷлоси Киев ин симатро ба Томас Мирров, намояндаи Олмон, месупорад, дар нишасти солонаи бонк аз ҷумла ба вазъи иқтисоди Тоҷикистон низ пардохта ва гуфтааст, вазъи ин кишвар, аз ҷумла ба иллати обу ҳавои ғайриодӣ, ки ба иқтисоди кишвар тақрибан 1 миллиард доллар хисорот овардааст, “хеле душвор хоҳад шуд”.
Рӯзномаи инглисии “Файнэшнэл Таймз” менависад, Бонки аврупоии бозсохт ва рушд мизони рушди иқтисод барои соли ҷориро дар маҷмӯъ барои минтақа назар ба пешбинии моҳи январаш болотар бурда, аммо Украина, Қазоқистон, Руминия ва ҳам Тоҷикистонро, ки ба навиштаи рӯзнома, “дар вартаи бенавоӣ ҷон меканад”, аз ин ҷумла, истисно кардааст.
Аммо, агар пешбинии бонк барои он 3 кишвари аввал дар ҳудуди аз ним то якуним дарсад камтар шуда бошад, “Файнэшнал Таймз” менависад, ки мизони эҳтимолии рушди иқтисоди Тоҷикистонро аз 9 дарсади қаблӣ то ба 4,1 дарсад, яъне беш аз 2 маротиба, поин овардаанд. Зимистони ба таври фавқулода сард, камбуди нерӯи барқ ва баҳси ҳисобдорие, ки ахиран байни Душанбе ва Сандуқи байнулмилалии пул бархостааст, дасти Тоҷикистонро ба дарёфти қарзҳои хориҷӣ хеле кӯтоҳ намуд, дар матлаби “Файнэшнэл Таймз” аз далоили аслии беш аз 2 маротиба камтар шудани интизороти Бонки аврупоии бозсохт ва рушд дар мавриди мизони эҳтимолии рушди иқтисоди ин кишвар дар соли ҷорӣ ном гирифта мешавад.
Сандуқи байнулмилалии пул дар моҳи март давлати Тоҷикистонро ба ироъаи маълумоти ғайривоқеъӣ ба ин ниҳод ва дарёфти 5 қарзи бузург бар пояи чунин маълумот айбдор кард ва аз Душанбе хост, 47,4 миллион доллар қарзҳои қаблан бо чунин роҳи номашрӯъ дарёфткардаашро пеш аз муҳлат – то моҳи феврали соли 2009 – баргардонад.
Бонки аврупоии бозсохт ва рушд аз соли 1991 ба ин сӯ ба кишварҳои собиқи коммунистӣ дар роҳи гузаштан ба иқтисоди бозорӣ кумаки молӣ мекунад. Тоҷикистон аз соли 2006 ба барномаи стротежии кумак ба кишварҳои фақири бонки мазкур низ пайваст, ки бар ҳаҷм ва кайфияти ҳамкориҳояш бо бонк афзуд.
Кумаку қарзҳои Бонки аврупоӣ ба Тоҷикистон танҳо дар як соли гузашта 19 миллион евро ва дар маҷмӯъ то имрӯз 56 миллион евроро ташкил додааст. Аммо Душанбе натавонист ҷониби Бонки аврупоиро ба ширкат дар чандин тарҳи муҳим, аз ҷумла таъмини молии барномаи харидории ҳавопаймоҳои навъи “Боинг” ё “Эйрбас” барои ширкати “ТоҷикЭйр”, моил кунад.
Ҳукми зиндони Маъруф Орифов, аз моликони силсилаи фурӯшгоҳҳои мавсум ба “Орима”, ки низ бар пояи қарзи Бонки аврупоии бозсохт ва рушд таъсис ёфта буд, як мояи дигари нигарониҳои мақомоти он бонк шудаааст.
Гонзало Рамес, як намояндаи ин бонк, дар моҳи апрел дар Душанбе дар пайи мулоқоташ бо раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон қазияи “Орима” ва раҳбараш Маъруф Орифовро доғе ба обрӯи Тоҷикистон, ба хусус дар назди маҳфилҳои сармоягузории дунё, номид.
XS
SM
MD
LG