Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба таъвиқ афтодани мурофиаи Комбахш


Додгоҳи таҷдиди назаре дар Кобул имрӯз баррасии парвандаи ҳукми марги хабарнигори ҷавонро то як ҳафтаи дигар ба таъвиқ андохт. Сайёд Парвизи Комбахш моҳи январ барои тавҳин дар ҳақи Ислом тавассути нашри матлабе, ки мавзӯи бисёрҳамсариро дар миёни мусулмонҳо зери суол мебарад, ба марг маҳкум шуда буд. Худи хабарнигор ин гуна иттиҳомотро пайваста рад кардааст ва рӯзи якшанбе ҳам дар ҷараёни мурофиаи нахустини алании худ, ки ду соат тӯл кашид, ба бегуноҳии худ таъкид кард. Қозии додгоҳ Абдусалом Қоризода рӯзи якшанбе гуфт, бо сабаби адами омодагии ҳайати вакилони оқои Комбахш ба ин мурофиа, он рӯзи якшанбеи оянда аз сар гирифта хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG