Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози низоми ҷаҳони якқутбӣ?


Мақолаи нави мутафаккири амрикоӣ, Ричард Ҳосс, ки дар шумораи ахири маҷаллаи "Foreign Affairs" дар Вошинтон ба чоп расид, дар маҳфилҳои сиёсатшиноси ҷаҳон сарусадои зиёде ба вуҷуд овард.

Ҳосс менависад, давраи яккатозии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба поён расид ва дунё вориди ҷаҳони беқутб мешавад. Бартарӣ ва ҳокимият дар ҷаҳон дигар ба як ё ду давлат ё ҳатто чанд давлат низ манасуб нагашта, даҳҳо нерӯ шаклҳои гуногуни қудратро ба даст хоҳанд гирифт. Қудрати ҷаҳонӣ на мутамарказ, балки пароканда хоҳад буд.

Назарияи Ҳосс, ки моҷарои марбут ба назарияҳои "ҷанги тамаддунҳо"-и Семюил Ҳантигтон ва "поёни таърих"-и Френсис Фукуямаро ба ёд меорад, далелҳои қавие мехоҳад. Ҷаҳони беқутб чӣ низоми байнулмилалиро ба миён хоҳад овард? Чӣ гуна он амалӣ хроҳад шуд ва чи пайомадҳо хоҳад дошт. Амрико ба ин он чи вокуниш хоҳад кард?

Раиси Шӯрои равобити хориҷии Амрико, Ричард Ҳосс, бар ин аст, ки қарни 21 садаи ҷаҳони беқутб хоҳад шуд, зеро қудрати давлатҳо коҳиш ёфта, нерӯи ниҳодҳои ғайридавлатӣ тақвият хоҳад ёфт.

Далелҳои асосии худро Ҳосс аз вазъи имрӯзаи ҷаҳон ва таърихи бурузу суқути марказҳои бузурги қудрат гирдоварӣ мекунад ва мегӯяд: "Агар ба давраи як қарн пеш бингарем, ҷаҳони бисёрқутбиро хоҳем дид, ки умдатан бо бартарии чанд кишвар, Бритониё, Олмон, Фаронса, Ҷопон, то андозае Русия ва мусалламан, зуҳури Иёлоти Муттаҳида ҳамчун як нерӯи нав рӯбарӯ буд. Ҷанги Ҷаҳонии дувум ҳама чизо аз реша тағйир дод. Нерӯҳои аврупоӣ -- Бритониё ва Фаронса аз пой уфтоданд, Олмон ва Ҷопон дар маҳдуда гирифта шуданд ва дар пайванд бо ин ҷанг ду кишвар ба саҳна баромаданд, ки яке Иёлоти Муттаҳида буд ва дигаре Иттиҳоди Шӯравӣ. Ин давраи Ҷанги Сард буд, зеро ду кишвар дар ҷаҳони дуқутбӣ бартарӣ доштанд."

Ба ақидаи ҷаноби Ҳосс, Ҷанги Сард бо фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ба поён расид ва Амрико ҳамчун бонуфузтарин нерӯ низоми якқутбиро эҷод кард. Дар ҳоле ки бисёре аз сиёсатшиносон ҷаҳони имрӯзиро ҳамоно якқутбӣ мешуморанд, Ҳосс мегӯяд, пас аз ду даҳсола ин низом дар ҳоли фурӯпошист ва кайҳост, ки давраи ҷаҳони беқутб оғоз ёфтааст.

Вай мегӯяд, Иёлоти Муттаҳида, худ ин фурӯпоширо тезонид. Махсусан бо ҷанг дар Ироқ, пойбандии фавқулода ба нафти содиротӣ, харҷҳои бузургтар аз ҷайб, сармоягузорӣ дар хориҷ ва сиёсати иқтисодие, ки сабаби заъфи доллар дар сартосари ҷаҳон шуд.

Аз сӯе ҳам, ба гуфтаи Ҳосс, қувват гирифтани давлатҳои дигар, густариши нуфузи созмон ва ниҳодҳои ғайридавлатӣ дар шароити ҷаҳонӣ шудани иқтисод ва тиҷорат ба фурӯпошии ҷаҳони якқутбӣ кӯмак карданд. Чин, Русия ва Иттиҳоди Аврупоро Ҳосс марказҳои нави қудрат, Ҷопон, Бразил, Ҳинд, Африқои Ҷанубӣ ва Кореяҳоро нерӯҳои минтақаӣ меномад, вале изофа мекунад, аксари онҳо гирифтори мушкилоти дарунӣ буда, қудрати ҳарбӣ ва иқтисодии Амрико то муддати зиёд бартарии худро нигоҳ хоҳад дошт.

Мушкилоти ҷаҳонӣ, ба монанди терроризм, густариши силоҳи ҳастаӣ, тағйири иқлим, бӯҳронҳои ҷаҳонии молӣ ва иқтисодӣ, қочоқи инсон ва маводи мухаддир, бемориҳои вогир, мисли зукоми паранда ва монанди инҳо, шароитеро ба вуҷуд меорад, ки ҳеч яке аз ин марказҳои қудрат нахоҳанд тавонист, мустақилона амал кунанд. Зарурати ҳамкории онҳо боз ҳам ҷаҳонро ба самти низоми беқутб савқ хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG