Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мӯътабар Тоҷибоева барандаи ҷоизаи ҳуқуқи башар шуд


Ҳомии зиндонии ҳуқуқи инсон дар Ӯзбакистон барандаи ҷоизаи байнулмилалии Мартин Иннал эълон шуд. Мӯътабар Тоҷибоева, ки барои интиқод аз амалкарди давлат дар намоишҳои эътирозии се сол пеши Андиҷон зиндонӣ шудааст, ба ин ҷоизаи солонаи созмонҳои ҷаҳонии ҳуқуқи инсон сазовор дониста шуд. Ҷоиза ба номи аввалин дабири кулли созмони Афви Байнулмилал, Мартин Иннал номгузорӣ шуда, барандаи имсолаи он дар солгарди бераҳмона саркӯб шудани тазоҳуркунандагон дар Андиҷон дар моҳи майи соли 2005 муайян гардид. Афви Байнулмилал, Дидбони ҳуқуқи башар ва кумисюни байнулмилалии ҳуқуқшиносон аз бадтар шудани вазъи сиҳатии Тоҷибоева дар маҳбас изҳори нигаронӣ карданд ва озодии беқайду шарти ӯро талаб намуданд.
XS
SM
MD
LG