Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Чин амалиёти наҷоти бозмондагон идома дорад


Шумораи кушташудагони зилзилаи фоҷеъабори Чин беш аз пеш меафзояд. Гуруҳҳои наҷот дар аёлати Сичуон шаҳракеро, ки дар натиҷаи ин зилзила комилан ба хок яксон шудааст, ҷустуҷу карданд ва амалиёти наҷот анҷом доданд. Хабаргузории "Синхуа"-и Чин иттилоъ додааст, ки ҳоло шумораи кушташудагон 15 ҳазор нафар ҳисоб шудааст. Вале гуфта намешавад, ки ин шумора ҳамаи кушташудагони ҳодиса дар маҳаллоти дигарро дар бар мегирад ё хайр. Дар баъзе гузоришҳо шумораи кушташудагон то 20 ҳазор нафар ном бурда мешавад. Дар зери харобаҳо ҳануз ҷасадҳои зиёд пинҳон аст.
XS
SM
MD
LG