Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ал-Моликӣ амалиётро шахсан назорат мекунад


Нурӣ Ал-Моликӣ, сарвазири Ироқ имрӯз ба шаҳри Мосул омад, то амалиёти низомӣ алайҳи мусаллаҳони “Ал-Қоида”-ро шахсан назорат кунад. Ба иттилоъи мақомот, ҳадаф аз ин амалиёт дар шимоли кишвар, ки панҷ рӯз боз идома дорад, аз ошубгарон пок кардани устони Найнавост. Неруҳои амрикоӣ эълом доштанд, ки онҳо дар ин амалиёт ба неруҳои ироқӣ кумак мекунанд. Мосул – охирин такягоҳи “Ал-Қоида” дар Ироқ маҳсуб мешавад.

XS
SM
MD
LG