Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муаррифии рисолаи «Ҳизби динӣ ва давлати дунявӣ»


Муаррифии рисолаи илмӣ ва оммавии «Ҳизби динӣ ва давлати дунявӣ»-и номзади илмҳои сиёсӣ Абдуллоҳи Раҳнамо имрӯз дар Маркази таҳқиқоти истротежики Тоҷикистон бо ширкати донишмандону таҳлилгарон доир шуд. «Ҳизби динӣ ва давлати дунявӣ» аз нахустин талошҳо дар заминаи таҳқиқи фаъолияти ҳизби динӣ дар низроми муосири дунявӣ аст.

Китоб яке аз муҳимтарин масъалаҳои назарӣ ва амалии раванди сиёсии Тоҷикистони муосир, яъне масъалаи фаъолияти ҳизби сиёсии динӣ дар шароити давлати дунявиро дар намунаи ҲНИТ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор додааст. Таъсис ва фаъолияти чунин ҳизби сиёсӣ, ки аз моддаи 28 Конститутсияи ҶТ маншаъ мегирад, яке аз хусусиятҳои аслии модели муосири сиёсии Тоҷикистон буда, ҳам дар сатҳи минтақа ва ҳам дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун як таҷрибаи ҷолиби таваҷҷўҳ эътироф гаштааст, омадааст дар ин рисола.

Зеро Тоҷикистон дар минтақа танҳо кишварест, ки дар он ҳамзамон бо мавҷудияти низоми дунявии давлатдорӣ ҳизби сиёсии дорои хусусияти динӣ фаъолият мекунад. Паёми аслии китоб иборат аз он аст, ки муаллиф дар он масъалаи суботи ҷомеа ва амнияти миллиро дар меҳвар қарор дода, бо матраҳ кардани истилоҳи «фарҳанги субот», мавҷудияти ҳама гуна арзишу ақида ва фаъолияти ҳама ҳизбу ҳаракатҳои сиёсиро маҳз аз нигоҳи мутобиқати онҳо бо суботу амнияти ҷомеа ба таҳлил мегирад.

XS
SM
MD
LG