Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Покистон: буҳрони нави сиёсӣ дар пайи истеъфои 9 вазир


Навоз Шариф
Навоз Шариф

Истеъфои 9 вазир, ки дар кобинаи эътилофӣ аз ҳизби сарвазири собиқ Навоз Шариф намояндагӣ мекарданд, Покистонро ба буҳрони нави сиёсӣ кашидааст.

Навоз Шариф бо ин вуҷуд изҳор дошт, ки ҳизби вай пуштибониаш аз кобинаи сарвазири кунунӣ Юсуф Ризо Гелонӣ, намояндаи ҳизби мардумии марҳум Беназир Бҳутторо, идома медиҳад. Аммо ӯ дар Исломобод дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, эътилофи ҳоким натавонист то замони ниҳоии таъйиншуда, яъне 12-уми май, ҳудуди 60 қозии аз сӯи президент Мушарраф дар тирамоҳи гузашта барканоршударо дар мақомҳояшон барқарор кунад ва намояндагони ҳизби вай ба ҳамин далел баъди ҳамагӣ 6 ҳафтаи таъсиси кобинаи кунунӣ аз ҳайъати он хориҷ мешаванд.
Кобинаи кунунии вазирони Покистонро ҳизби мардумии марҳум Беназир Бҳутто ва Лигаи мусалмонони Покистон, қаноти Навоз Шариф, таъсис дода буданд.
Н. Шариф дар ҳамин ҳол П. Мушаррафро ҳамчунин “диктатор” ном бурда, гуфт, ки ӯ бо барканории қозиён демократияро дар Покистон хароб мекунад: “Нишасти ҳизби порлумонии мо ҳамчунин қарор кард, ки мо дигар вориди ҳеҷ навъ муомилае, ки боиси тақвияти диктатор шавад, нахоҳад шуд. Мо нахоҳем гузошт, ки ҷараёни демократия тахриб шавад”.
Ин ҳам дар ҳолест, ки Парвиз Мушарраф, президенти Покистон, тақрибан 60 қозӣ, аз ҷумла раиси Додгоҳи олӣ Ифтихор Муҳаммад Чаудриро, дар моҳи ноябри гузашта дар пайи ҷорӣ кардани вазъи фавқулода дар кишвар аз мақомҳояшон барканор кард.
Аммо ба назар мерасид, ки ҳадаф аз ин амалкарди Мушарраф ҷилавгирӣ аз эҳтимоли судури қарори додгоҳ алайҳи интихоби дубораи ӯ ба мақоми раёсатҷумҳурӣ дар моҳи октябр буд. Бо вуҷуди ихтилофи ҷиддии назарҳо бар сари ин масъала, эҳтимоли ба мухолифин пайвастани ҳизби Навоз Шариф дар ҳоли ҳозир чандон воқеъӣ наменамояд.
Пеш аз ҳама ба ин далел, ки ҳизби Н. Шариф ба хотири ҳифзи ҳукуматаш бар вилояти Панҷоб ба пуштибонии ҳизби мардумии Покистон сахт ниёз дорад. Аммо ба назари таҳлилгарон, ҳатто, агар Навоз Шариф пуштибониаш аз ҳукумати феълиро қатъ кунад, ҳизби мардумии марҳум Бҳутто қодир ҳаст тавассути ҷалби аҳзоби хурд, аз ҷумла тарафдорони президент Мушарраф нақши раҳбарии худ бар ҳукумати Покистонро ҳифз кунад.
Фазлурраҳим Мурувват, таҳлилгари масоъили сиёсии Покистон, мегӯяд, масъала танҳо шеваи барқарор кардани қозиҳо нест. Аммо, ба эътиқоди ӯ, аз ҳам пошидани эътилофи ҳоким ин ду ҳизбро аз ин ба баъд ба душманоӣ ва талоши ҷустани ёрону муттаҳидини нав хоҳад кашонид, ки ин, ба навбаи худ, мунҷар ба тақвияти бештари мавқеъи президент Парвиз Мушарраф хоҳад шуд: “Тарҳи эҷоди гурӯҳи севвум алакай омода аст. Ин гурӯҳи ҷадид афроде аз қанотҳои тарафдори Мушарраф ва Шарифи Лигаи Мусалмононро дар бар мегирад. Ин гурӯҳ дар пайи фурӯпошии эътилофи кунунӣ ба пуштибонӣ аз ҳукумати таҳти раҳбарии Ҳизби мардумии Покистон оғоз хоҳад кард”.
Дар ҳамин ҳол, таҳлилгарони умури сиёсӣ мегӯянд, ба мақомҳояшон барқарор шудани қозиёни барканоршуда барои Парвиз Мушарраф дардисарҳои наве эҷод хоҳад кард. Зеро ин қозиҳо метавонанд машрӯъияти интихоби дубораи ӯ ба мақоми раёсатҷумҳуриро аз нав ба чолиш бикашонанд.
Президент Мушарраф аз муттаҳидини калидии Амрико дар ҷанг алайҳи терроризм маҳсуб мешавад ва чунин сурати гирифтани кор метавонад талошҳои Амрико дар ин набардро дучори мушкил гардонад. Аммо Шон Маккормак, сухангӯи вазорати хориҷаи Амрико, гуфт, Вошингтон мутмаъин аст, ки буҳрони пешомадаи сиёсӣ дар Покистон монеъи ҳамкории Вошингтону Исломобод дар роҳи мубориза алайҳи террор нахоҳад шуд.
Имрӯз дар пайи эълони истеъфои 9 вазир лаҳни суҳбати Содиқ-ул-Фаррух, сухангӯи ҳизби Навоз Шариф, шадидтар ба гӯш мерасид. Фаррух як идда афрод дар ҳизби мардумии Покистонро айбдор кард, ки бо мамониъат ба барқарории қозиҳо ба фоидаи Парвиз Мушарраф хидмат мекунанд. Ӯ ҳамчунин иддаъо кардааст, ки мушовирини Алӣ Зардорӣ, шавҳари марҳум Беназир Бҳутто ва раҳбари кунунии ҳизби мардумӣ, бо президент Мушарраф тамосҳои махфӣ барпо кардаанд.
Аммо сухангӯи ҳизби мардумӣ Фарҳатуллоҳ Бобур мавҷудияти ҳар навъ тамоси пасипардагӣ байни ин ҳизб ва Парвиз Мушаррафро радд карда, гуфт, ки ҳизби мардумӣ ба тааҳҳуди хеш ҷиҳати ба мақомҳояшон барқарор кардани қозиҳои барканоршуда содиқ боқӣ мемонад.
XS
SM
MD
LG