Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марги камаш 7600 нафар бар асари зилзила дар Чин


Имрӯз зилзилаи қудратманде вилояти ҷанубу ғарбии Сичуани Чинро такон дода, камаш 7600 нафарро ба ҳалокат расонд.
Заминларзаи баробар ба 7,8 дараҷа нисфирӯзӣ маркази вилояти Сичуан шаҳри Чангдуро такон дод.
Хабаргузории Синҳуа менависад, ки дар минтақаи Бейчуан 80% биноҳо аз байн рафтаву бар иловаи шумори бузурги фавтидагон камаш 10000 каси дигар ҷароҳат бардоштаанд.
Президенти ИМА Ҷорҷ Буш ба мардуми Чин паёми тасаллият фиристода, афзуд, ки кишвараш ба кумак омодааст.

XS
SM
MD
LG