Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боғӣ ба шифохонаи маҳбас интиқол ёфт


Як рӯзномаи эронӣ хабар медиҳад, ки Имодиддин Боғӣ рӯзноманигор, барандаи ҷоизаи хабарнигорӣ ва ҳомии ҳуқуқи башар ба шифохонаи маҳбас интиқол ёфтааст. Рӯзномаи ислоҳотталаби "Коргузорон" дар бораи вазъи Боғӣ иттилои бештар надодааст. Боғӣ моҳи октябри соли 2007-ум бо ҷурми интишори тарғиботи мухолифи низоми исломии Эрон ва санадҳои махфӣ ба муддати як сол аз озодӣ маҳрум шуд. Ибтидои соли равон бо ишора ба вазъи саломатиаш ӯро муддате аз зидон раҳо карда буданд. Боғӣ моҳи апрел ба зиндон баргашт. Моҳи гузашта Боғӣ ба хотири кори рӯзноманигориаш ба ҷоизаи матбуоти Британия ноил гашт.
XS
SM
MD
LG