Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахуствазири Бритониё Медведевро табрик кард


Гордон Браун-нахуствазири Бритониё ба Дмитрий Медведев-раиси ҷумҳури Руссия телефонӣ суҳбат ва вайро ба муносибати оғози фаъолияташ дар мақоми ҷадид табрик гуфтааст. Ин дар ҳолест, ки солҳои ахир муносиботи ҳар ду кишвар ба сардӣ гароидааст. Сухангуи Кохи Кремл гуфтааст, оқои Медведев ва Браун ба тавофуқ расидаанд, ки дар ҷараёни мулоқоти раҳбарони 8 кишвари пешрафтаи санъатии ҷаҳон дар аввали моҳи июл бо ҳам мулоқоти як ба як анҷом хоҳанд дод. Ин манбаъ ҳамчунин гуфтааст, ки ҷонибҳо телефонӣ дар бораи беҳбуди муносибот низ бо ҳам гуфтугу кардаанд.
XS
SM
MD
LG