Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи интихобот дар Сербистон


Дар Сербистон имрӯз интихоботи порлумонӣ идома дорад. Яке аз пешсафони интихобот Ҳизби Радикали миллатгаро аст, ки мехоҳад, ба далели ҳимояти Иттиҳодияи Аврупо аз истиқлоли Косово музокироти вуруди Сербистон ба иттиҳодияро қатъ кунад. Пешсафи дигари интихобот, Ҳизби Демократ мегӯяд, пайвастани Сербистон ба Иттиҳодияи Аврупо ягона роҳи ҷалби сармоя аст, ки иқтисоди кишвар ташнаи он мебошад. Бино ба гузоришҳо, дар манотиқи сербнишини Косово низ раъйдиҳӣ сурат мегирад, ки дар инҷо ба рағми мухолифати Созмони Милал Сербистон интихобот баргузор мекунад.
XS
SM
MD
LG