Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оромии нисбӣ дар шаҳраки Садр


Созиши оташбаси ҳосилшуда миёни ҳукумати Ироқ ва афроди мусаллаҳи вафодор ба рӯҳонии шиъамазҳаб Муқтадо Садр имрӯз дар шаҳраки Садри Бағдод ба ҳукми иҷро даромад. Қувваҳои Амрико ва Ироқ ҳафтаҳо боз ба зидди тундравон дар он шаҳрак меҷангиданд. Ба гуфтаи онҳо, аксарияти ҷангиёни Артиши Маҳдии Муқтадо Садр дар ҷангҳо ширкат надоштаанд ва он гурӯҳҳое бо нерӯҳои Амрико ва ҳукумат даргир будаанд, ки аз тобеъияти Муқтадо Садр баромада ва созиши умумии оташбаси эъломкардаи ӯ дар моҳи августро риоят намекарданд.

XS
SM
MD
LG