Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ хостори кӯмак ба Тоҷикистон шуд


Созмони Милали Муттаҳид дигарбора аз кишварҳои ҷаҳон тақозо кардааст, то барои рафъи оқибатҳои зимистони қаҳратуни имсол ва омодагӣ ба фалокатҳои табии нав дар Тоҷикистон тақрибан 27 миллион доллар кумак кунанд.

Муассисаи ҳамоҳангсози кӯмакҳои башарии Созмони Милал рӯзи ҷумъа зимни тақозои нав гуфт, мардуми Тоҷикистон ранҷи оқибатҳои зимистони қаҳратуни гузаштаро мечашанд. Ба гуфтаи созмон, мардум, ки зимистони сард пули худро барои сӯзишворӣ сарф карданд, ҳоло барои харидани маводи ғизоӣ пули кофӣ надоранд.

Созмони Милал мегӯяд, аз тақрибан 27 миллион долларе, ки аз ҷомеаи байналмилал хоста буд, танҳо 12 миллион доллари онро барои иҷрои барномаҳои имдодӣ дастрас кардааст. Зимистони имсол ҳаво дар Тоҷикистон то 25 дараҷа сард шуд ва кишварро гирифтори бӯҳрони амиқи энержӣ кард.
XS
SM
MD
LG