Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сӯхтори бозори "Мубориз"-и Ҳисор


Шоми панҷашанбе 8 май бар асари сӯхтор бозори дуошёнаи "Мубориз" дар шаҳри Ҳисор ба коми оташ рафт. Ба гуфтаи шоҳидон, дар натиҷаи сӯхтор як нафар посбони ин бозор ҷони худро аз даст додааст. Сӯхтор ҳамчуни молу амволи тоҷирони ин бозорро, ки одатан баъд аз баста шудани бозор молҳои худро дар ҳамин ҷо амбор мекарданд, нобуд кардааст. Бозори "Мубориз" махсуси фурӯши матову либос буд. Сабаби эҳтимолии сар задани сӯхтор беэҳтиётӣ дар мавриди истифода аз генератори барқӣ гуфта мешавад.
XS
SM
MD
LG