Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

9-уми май - Рӯзи ғалаба бар фашизми Олмон


Ҷашни Рӯзи Ғалаба дар Тоҷикистон
Ҷашни Рӯзи Ғалаба дар Тоҷикистон

Рӯзи 8-уми май аҳли олам поёни Ҷанги дувуми ҷаҳонро ҷашн мегирад. 63 сол пеш дар ин рӯз миллатгароёни олмонӣ мағлубияташонро эътироф намудаанд.

Эътилофи байнулмилалии иборат аз Иттиҳоди Шӯравӣ, Бритониёи кабир, ИМА ва муттафиқони дигари усулӣ ин идро дар тӯли ду рӯз таҷлил мекунанд. Сабаб ин аст, ки миллатгароён санади нокомӣ ё худ капитулятсияро соати 11-у як дақиқаи шаби 8-уми майи соли 1945 ба вақти Аврупоӣ имзо кардаанд. Вақти Маскав аз Аврупо ду соат фарқ дорад ва аз ин рӯ Иттиҳоди Шӯравӣ 9-уми майро ҳамчун Рӯзи пирӯзӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҷашн мегирифт ва ин анъана дар кишварҳои собиқ Шӯравӣ ҳамоно тағйир наёфтааст.
Рӯзи чоршанбе дар гӯшаҳои мухталифи Аврупо маъракаҳои ботантана бахшида ба 63-вумин солгарди пирӯзӣ бар Олмони нозӣ доир гаштанд. Дар мамолики аврупоӣ маросими гулгузорӣ рӯи қабри сарбозони гумном барпо шуданд.
Бузургтарин низоъи асри ХХ 6 сол идома дошт. Баъди ноком намудани Олмон эътилофи байнулмилалӣ Жопунро ҳам дар таърихи 2-уми сентябри соли 1945 мағлуб намуд. Дар ҷанги дувуми ҷаҳонӣ тахминан 100 миллион нафар иштирок кардаанд. Ин ҷанг ҳаёти 50 миллион нафарро аз байн бурд, ки 15 миллиони онҳо сарбоз, наздик ба 20 миллион мардуми шӯравӣ, 6 миллион яҳудӣ ва 4 миллион шаҳрванди Лаҳистон (Полша) будаанд.
Хадамоти роҳи оҳани Олмон сар аз моҳи ноябри соли гузашта як қатораи роҳи оҳанро ба музеи Ҳолокост табдил доданду он аз шаҳр ба шаҳр сайр намуда, мардумро бо даҳшати ҷанг ва ба вижа куштори ҳазорҳо яҳудӣ дар урдугоҳи контсентратсионии Освенсим аз тарафи фашистони олмонӣ шинос мекард. Дар 6 моҳи гузашта 225 000 нафар аз қатораи ёдгорӣ зиёрат намуданд.
Освенсимро сарбозони шӯравӣ дар ибтидои соли 1945 озод карда буданд. Вале баъди як муддати кӯтоҳ эътилофи байнулмилалӣ пароканда шуда, ҷаҳонро ҷанги сард фаро гирифт.
Дар суҳбат бо Радиои Озодӣ собиқ устоди донишгоҳи Оксфорд ва ҳоло устоди таърихи муосири донишгоҳи Билкенди Туркия Норман Стоун мегӯяд, агар Олмон болои Иттиҳоди Шӯравӣ ҳамла намекард, ин кишвар худ ба худ аз байн мерафт: "Ба фикрам, рӯйдодҳои ғайримунтазира Иттиҳоди Шӯравиро ба нерӯи абарқудрат табдил доданд. Соли 1941 ин Олмон кишвари даҳшатбор буд ва шояд худ ба худ аз байн мерафт. Вале кирдори миллатгароёни олмонӣ вазъро тағйир дод. Саноат ба Қазоқистон интиқол ёфт, онҳо тарзи фикррониашонро тағйир доданд. Масъалаи ватандӯстӣ ҳам ба сафи аввал баромад. Дар натиҷа ин кишвар абарқудрат гашту фурӯпошии он то муддате та таъхир афтод".
Ба ақидаи профессор Стоун, дар поёни Ҷанги дувуми ҷаҳонӣ сиёсати кӯтоҳандешонаи Сталин боиси сар задани «ҷанги сард» шуда буд. Ӯ як суханронии собиқ раҳбари шӯравӣ Никита Хрушёвро ба ёд меорад, ки дар он сарвари кишвар ҳангоми муроҷиат ба собиқ вазири корҳои хориҷӣ Молотов мегӯяд, бубин, ки шумо чӣ кор кардед. Эрону Туркия барин кишварҳо ба душмани мо табдил ёфтаанд. Стоун аз нақли Хрушев Финдандияро низ хотирнишон кард, ки аз иттиҳоди Шӯравӣ фирор намуд. Ба гуфти Стоун Тротский ба Сталин ва саҳми ӯ баҳои воқеъӣ дода, гуфтааст, ки ин ҳамон Чизгизхон мебошад, ки соҳиби телефон шудааст.
Тоҷикистон барои пирӯзӣ дар ҷанги дувуми ҷаҳонӣ қимати гароне пардохт кардааст: садҳо ҳазор сокини Тоҷикистон қаҳрамонона дар ҷанг иштирок намудаанд. Тибқи баъзе ҳисобҳо, 70 000 тоҷикистонӣ дар майдонҳои набард ҷони худро аз даст додаанд.
XS
SM
MD
LG