Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори нави вазорати дифоъи Русия


Вазорати дифоъи Русия изҳор намуд, ки дар сурати ташдиди вазъ дар минтақаи низоъи миёни Гурҷистону Абхазистон теъдоди неруҳои посдори сулҳи кишварро то 3 ҳазор нафар афзоиш хоҳад дод. Низомиёни рус мегӯянд, ки ин тасмим ба созиши байнулмилалии соли 1994 мухолифат нахоҳад дошт. Охири моҳи гузашта ба ноҳияи Тхварчелии Абхазистон ба таври иловагӣ 450 афсару сарбози рус ворид карда шуданд ва теъдоди неруҳои посдори сулҳи Русия дар Абхазистон ба беш аз 2-ву ним ҳазор нафар расид.
Вуруди неруҳои иловагиро Маскав бо тақвияти ҳузури низомии Тифлис дар минтақаи низоъ марбут кард. Мақомоти Гурҷистон амали Русияро “таҷовузи низомӣ” номиданд. Аз ташдиди низоъ миёни Маскав ва Тифлис Созмони Милали Муттаҳид, Итиҳодияи Аврупо ва Иёлоти Муттаҳида изҳори нигаронӣ карданд.

XS
SM
MD
LG