Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳизби демократи Амрико: Ҳилларӣ Клинтон ё Барак Обама?


Раъйгириҳои муқаддамотӣ дар Каролинаи шимолӣ ва Индиана низ натавонист пешсафи собити демократҳоро ба интихоботи раёсатҷумҳурии ИМА маълум кунад.

Ба ин тартиб, ҳарду довталаб - Барак Обама ва Ҳилларӣ Клинтон – муборизаро барои касби мақоми номзади ҳизби демократ ба интихоботи моҳи ноябр идома медиҳанд. Ҳарду довталаби ҳизби демократ ба мақоми номзад ба интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико аз раъйгириҳои рӯзи сешанбе дар аёлатҳои Каролинаи Шимолӣ ва Индиана бо натиҷаи тақрибан мусовӣ берун омаданд.
Обама, ки ин шабу рӯз ба маҳзи суханрониҳои зиддунақизи роҳиби собиқаш як марҳалаи душвореро пушти сар мекунад, Ҳ. Клинтонро дар Каролинаи шимолӣ бо натиҷаи 56 дарсад бар 42 фоиз шикаст дод, вале дар аёлати Индиана бахт ба рӯи хонум Клинтон хандид. Даринаёлатӯ 51 дарсадиороъробадастовард, ҳарчандмизонипуштибонӣазОбама 49 дарсадбудааст.
Дарҳаминҳол, ҲилларӣКлинтондарИндианаэълонипирӯзӣкарда, азҷумла, гуфт: “Рақибиманҳамагӣчандепешпешгӯиекардабуд, кидарПенсилванияэҳтимолманғалабакунам, валеӯдарКаролинаишимолӣпирӯзмешавадвасабқатиниҳоӣдарИндианасуратхоҳадгирифт. Сабқатиниҳоиромобурдемвабошарофатишумо, ҳаракатимобасӯиКохиСафедсуръатмегирад”.
Аммо, ба ҳисоби коршиносон, натиҷа ба фоидаи хонум Клинтон нест. Бо онки раъйгириҳои муқаддамотӣ танҳо дар 6 аёлати дигари Амрико баргузорношуда боқӣ мемонад, шумори ороъи то ҳол бадастовардаи Обама назар ба Клинтон ҳамоно бештар аст. Обама то имрӯз раъйи 1836 вакили анҷумани ҳизби демократро дар даст дошта, шумори вакилони пуштибони Клинтон 1681 баровард шудааст. Ин дар ҳолест, ки довталабонро лозимаст, ки барои расидан ба пирӯзӣ раъйи ҳимояти дастикам 2025 вакили анҷумани ҳизбро ба даст биоранд.
Дар чунин сурати ҳол, имкон дорад, иттихози қарори ниҳоӣ дар мавриди интихоби номзади ҳизби демократ ба интихоботи моҳи ноябр бар уҳдаи наздики 800 нафари баистилоҳ “супервакил”-и анҷумани ҳизб биуфтад, ки дар мавриди пуштибонӣ аз ҳар кадоми ин ду довталаб озоданд.
Багуфтаибархетаҳлилгарон, натоиҷирақобатҳоиахирумедворииКлинтонбадарёфтиҳимояти “супервакилон”-ианҷуманиҳизбидемократрокамтармекунад.
Инрақобатҳо, аз сӯи дигар бар шонси Барак Обама ҷиҳати дарёфти мақоми номзадии ҳизб меафзояд. Ва ӯро мебояд, ки акнун “супервакилон”-и анҷуманро ба пуштибонӣ аз номзадии худ мутақоъид созад.
Обама дар суханронии пирӯзонааш дар Каролинаи шимолӣ кулли ҳаводорони ҳизби демократро даъват кард, бо вуҷуди набардҳои шадиди пешазинтихоботӣ ваҳдати ҳизбиро ҳифз кунанд: “Дар ниҳоят, ин сабқат барои Ҳилларӣ Клинтон, барои Барак Обама ё барои Ҷон Маккейн нест. Ин интихобот барои шумост, мардуми Амрико».
Раъйгириҳоимуқаддамотӣдар 6 аёлатибоқимондаиАмрикотақрибанто 1 моҳидигаридомакарда, 3-вумииюндарДакотаиҷанубӣбапоёнхоҳандрасид.
Гуфта мешавад, агар ҳеҷ яке аз ин ду довталаб то охирин раъйгирии муқаддамотӣ аз сабқат берун нашавад, ба назари таҳлилгарон, сухани охирин ба “супервакилон”-и анҷумани ҳизби демократ хоҳад монд, ки қарор аст дар моҳи август баргузор шавад.
XS
SM
MD
LG