Матбуъоти Амрико мегуяд, ки сенатор Борак Обама -муддаъии курсии раёсати ҷумҳурии Амрико аз Ҳизби Демократ дар интихобот барои ба даст овардани номзадии мақоми раёсати ҷумҳурӣ дар аёлати Каролинаи Шимолӣ пируз ва қадаме дигар ба ҳадаф наздик шудааст. Агар вай битавонад ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ номзад пешбарӣ шавад, нахустин номзади сиёҳпуст хоҳад буд. Натиҷаҳои иёлоти дигар ҳокӣ аз он буд, ки хонум Ҳилларӣ Клинтон муддаъии дигар дар аёлати Индиана нисбат ба Борак Обама райи бештарро соҳиб шудааст. Бо назардошти натоиҷи интихобот дар иёлоти дигар Борак Обама нисбат ба Ҳилларӣ Клинтон шонси бештар дорад.