Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумори қурбониёни "Наргис" то 22 ҳазор расид


Дар натиҷаи туфони шадиди мавсум ба «Наргис» дар Мянмар – кишваре дар шимолу шарқи Ҳиндустон ҳудуди 22 ҳазор нафар қурбон гардидааст.

Шумори қурбониёни туфон торафт бештар мешавад. Ҳамчунин беш аз 40 ҳазор нафар беному нишон шудаанд. Ба навиштаи расонаҳои давлатии Мянмар, танҳо дар шаҳри Богал, ки дар назди соҳил воқеъ аст, беш аз 10 ҳазор нафар ҳалок шудаанд. Шаҳру деҳоти зиёди ин кишвар аз туфон зарари сахт дидаанд ва беш аз 2 миллион нафар муҳтоҷи кумак мондаанд.

Гуфта мешавад, режими низомии Мянмар, ки қаблан дарҳои худро ба ҷаҳон баста буд ва фаъолияти созмонҳои хориҷии хайрияро маҳдуд карда буд, барои қабули кумакҳои байнулмилалӣ розигӣ додааст.

Созмонҳои байнулмилалӣ, аз он ҷумла СММ, барои кумак ба зарардидагони туфон дар Мянмар изҳори омодагӣ кардаанд ва гуфтаанд, интизори иҷозаи вуруд ба ба хоки ин кишвар мебошанд.

XS
SM
MD
LG