Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷанҷоли Русияву Гурҷистон дар Конгресси ИМА


Дар ҳоле, ки ташаннуҷи вазъ миёни Русияву Гурҷистон беш аз пеш шадидтар мешавад, баъзе аз намояндагони Конгресcи Амрико пофишорӣ мекунанд, ки бояд дар қатъномае Русия муттаҳам шавад, ки масъулияти эъломияҳои таҳрикомезу хатарнок ва аъмоли зидди Гурҷистонро бар уҳда дорад.

Ин масъаларо баъзе намояндагони Конгресc баррасӣ ва роҷеъ ба он изҳори назар карданд, вале барои тасвиби қатъномае райдиҳӣ сурат нагирифт ва онро барои ҷаласаҳои баъдӣ мавқуф гузоштанд.

Аслан се нафар хостори тасвиби қатънома дар бораи вазъи Гурҷистон шуданд, вале касе бар зидди онҳо изҳори ақида накард.

Аз ҷумла, хонум Дайана Ватсон - намоянда аз Ҳизби Демократ гуфт, мисли ин ки Русия Абхозистону Осетияи Шимолиро ба расмият шинохтааст. Вай аз президент Путин даъват кард, ки барои анҷоми музокира роҷеъ ба ин ду ҷумҳурии ҷудоихоҳ Михоил Саакашвилӣ - раиси ҷумҳурии Гурҷистонро ба ҳузур пазирад.

Тад Пу - намояндаи Конгресс аз Ҳизби Ҷумҳурихоҳ гуфт, мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки Русия мехоҳад Гурҷистонро муҷозот кунад.

Намояндаи дигари Конгресс хонум Элиссон Швартс аз Ҳизби Демократ бо назардошти изҳороти ахири Русия роҷеъ ба Абхозистону Осетияи Шимолӣ хостори ҳимоят аз тамомияти арзии Гурҷистон шуд. Хонум Швартс гуфт, Русия 16-уми апрел эълон кард, ки бо ин ду ҷумҳурии ҷудоихоҳ муносиботи расмӣ барқарор мекунад.

Ба ақидаи хонум Швартс, Русия талош дорад, ки ин ду ҷумҳуриро аз Гурҷистон ҷудо созад ва ин талоши Русия аз ҷониби маҳофили байналмилалӣ, аз ҷумла, аз суи Иттиҳодияи Аврупо ва паймони НАТО мавриди интиқод қарор гирфта буд.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG