Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия "Топол"-ро ба намоиш мегузорад


Раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин имрӯз гуфт, намоиши силоҳҳои вазнини ин кишвар дар раҳпаймоии низомии бахшида ба солгарди Ҷанги Ҷаҳонии Дуввум нишон додани зӯри бозуи Русия нест. Бори аввал дар зарфи чанд соли ахир дар раҳпаймоии рӯзи 9-уми май Русия танку тӯпҳои вазнин, аз ҷумла мушакандози қавии Тополро ба намоиш хоҳад гузошт. Владимир Путин гуфт, ин амалкард, таҳдид ба касе набуда, балки намоиши "қудрати афзояндаи дифоъии Русия" мебошад. Ду рӯз баъд аз ин раҳпаймоӣ, салоҳиятҳои Владимир Путин ба ҳайси раиси ҷумҳур хотима меёбанд ва ӯ як рӯз баъд нахуствазир интихоб хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG