Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати афсарони пулис дар Грозний


Бар асари таркиши як бомби худсохт дар Чеченистон панҷ корманди пулис ба ҳалокат расидаанд. Раиси идораи пулиси маҳал Рамазон Одилов гуфт, инфиҷор шоми якшанбе дар ноҳияи Старопромисловскийи пойтахт шаҳри Грозний ба вуқӯъ пайваст. Ду корманди дигари пулис низ бар асари инфиҷори бомб, ки оҳанпораҳои гуногун низ доштааст, маҷрӯҳ шудаанд. Бо вуҷуди анҷоми ҷангҳои густурдаи ҷудоихоҳон дар Ҷумҳурии Чеченистони Русия мардуми ин минтақаи Қафқоз то кунун шоҳиди ҳамлаву хунрезиҳо мешаванд.

XS
SM
MD
LG