Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мавҷи бузург ҳаёти 8 касро аз байн бурд


Дар Кореяи Ҷанубӣ мавҷи бузурги ногаҳонӣ ба соҳили ғарбии ин кишвар бархӯрда камаш 8 нафарро ба ҳалокат расондааст. Сарнавишти 15 каси дигар маълум нест. Хадамоти наҷоти Кореяи Ҷанубӣ мегӯянд, мавҷи бузург дар масофаи тақрибан 190 километрии ҷануби Сеул ба соҳили ғарбии Баҳри Зард бархӯрд. Дар ин ҳодиса ҳамчунон 12 каси дигар ҷароҳат бардоштаанд. Ба гуфти ҳамин манбаъ аксари қурбониҳо сайёҳ ва моҳигир будаанд.
XS
SM
MD
LG