Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздиди вазири берунаи ИМА аз Ховари Миёна


Вазири берунаи ИМА Кондолиза Райс ҳини дидор бо нахуствазири Исроил Эхуд Олмерт
Вазири берунаи ИМА Кондолиза Райс ҳини дидор бо нахуствазири Исроил Эхуд Олмерт

Вазири берунаи ИМА Кондолиза Райс барои баррасии гуфтушунидҳои сулҳи Исроилу Фаластин вориди Ховари Миёна шудааст.

Вай пеш аз сафар ба ин минтақа ба хабарнигорон гуфтааст, ки мавзуъҳои асосии гуфтугуи ӯ бо намояндагони мақомоти Исроил ва Фаластин масъалаҳои афзоиши зистгоҳҳои яҳудинишин дар манотиқи Фаластин, ҳамлаҳои артиши Исроил ба заминҳои фаластинӣ ва ҷилавгирӣ аз ҷанговарони фаластинӣ хоҳад буд.

Пас аз расидан ба Ховари Миёна вазири берунаи Амрико шоми шанбе гуфутугуҳои худро бо нахуствазири Исроил Эхуд Олмерт оғоз намуд. Имрӯз, 4-ми май, вай ҳамчунин бо раиси ҳукумати Фаластин Маҳмуд Аббос дидор ва гуфтугу хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG