Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дипломатҳои амрикоӣ Беларусро тарк карданд


Назар ба гузоришҳои расида, рӯзи шанбе ёздаҳ дипломати амрикоӣ хоки Беларусро тарк намуданд. Ҳафтаи равон ҳукумати Беларус ба 10 дипломати амрикоӣ дастур дода буд, ки ин кишварро тарк кунанд. Як дипломат мавриди истисно қарор гирифт. Як мақоми амрикоӣ, ки нахост номаш ошкор шавад, ба хабаргузории Ассошиэйтед пресс гуфт, рӯзи шанбе 11 дипломати амрикоӣ аз Беларус берун шуданд. Аз эҳтимол дур нест, ки Вашингтон ҳам шуморе аз дипломатҳои беларусиро аз қаламрави ИМА ихроҷ намояд.
XS
SM
MD
LG