Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷ. Буш: ИМА ба кишварҳои дар ҳоли рушд кумак мекунад


Иёлоти муттаҳидаи Амрико тасмим гирифтааст, ки ҷиҳати ба болоравии қимати ғизо дар ҷаҳон ба кишварҳои дар ҳоли рушд 700 милюн дулор кумак кунад.

Раисҷумҳури ИМА Ҷорҷ Буш даъват кардааст, то Амрико барои муқобила алайҳи буҳрони саросарии ғазоӣ ва пешгирӣ аз афзоиши бесобиқаи нархи маводди ғазоӣ ба баъзе кишваршои дунё 770 миллион доллар кумаки башардустона ихтисос диҳад.
Ба гуфтаи ӯ, дар ин кишварҳои дар ҳоли рушд болоравии қимати ғизо хатаротеро дар пай дорад ва мумкин аст боиси оғози нооромиҳо шавад.
Буш дар мавриди тавсиъаи буҳрони саросарии озуқа, ки дар баъзе кишварҳои фақир мунҷар ба бесуботиҳо гардид, изҳори нигаронии амиқ карда, гуфт, ки мехоҳад паёми возеҳ фиристад, то дар пайдо кардани роҳи ҳалли ин мушкил ИМА нақши калидиро ба зимма бигирад.

“Бо эълони маблағи нави кумакҳои байнулмилалӣ, мо мехоҳем ба тамоми ҷаҳон паёми возеҳе фиристем, ки Амрико мубориза алайҳи гуруснагиро сарвари хоҳад кард”, – эълом дошт раисҷумҳури Амрико.
Ҷаҳиши яку якбораи нархи ғалла ва дигар ашёи хом якҷо бо қимати рекордии бензин ИМА-ро ҳамчун бузургтарин кишвари кумаккунанда водор намуд, дар ҷустуҷӯи маблағҳои иловагӣ бори дигар даст ба буҷаи кишвар барад. Ин дар ҳолест, ки гуруснагӣ дар ҳоли ҳозир барои кишварҳои дар ҳоли рушд ба мушкили тоқатфарсо мубаддал мегардад.
Раисиҷумҳури Амрико ҳангоми ироъаи тарҳи буҷаи соли 2009-уми молӣ ба Конгресс дар рӯбарӯи хабарнигорон гуфт: ”Ман фикр мекунам, ки мо бояд кӯшиши бештаре кунем ва ба ҳамин хотир имрӯз ман аз Конгресс дархост намудам, то барои мусоъидат ба барномаҳои таъмини озуқа ва рушд 770 миллион доллари иловагӣ ихтисос диҳад”.
Ҷорҷ Буш дар бораи шеваи сарфи маблағи иловагӣ тафсилоте надод.
Қаблан қонунгузорон ва гурӯҳҳои байнулмилалии имдод аз Вошингтон дархост карда буданд, ки барои кумак ба кишварҳои фақири ҷаҳон, ки аз болоравии нархи озуқа азийят мекашанд, гомҳои фаротар бардорад.
Ин ҳам дар ҳолест, ки дар кишварҳои мухталифи дар ҳоли рушди ҷаҳон бо сабаби болоравии шадиди нархи гандум, биринҷ, ҷуворимакка, равған ва дигар намуди маҳсулоти ғазоӣ мардуми бечора аз ноилоҷӣ даст ба эътироз, раҳпаймоӣ ва хушунат задаанд.
Ҳар сол ИМА аз тариқи Ожонси байнулмилалии кумак ё ЮСАЙД барои кумаки ғазоӣ дар ҷаҳон 1 миллиарду 700 миллион доллар ихтисос медиҳад.
Ҷоҷр Буш ҳамчунин таъкид намуд, ки Амрико ҳамеша дар раъси кумакҳои башардустона қарор дошт. Ӯ афзуд, ки ИМА аз муттаҳидонаш мисли кишварҳои аъзои гурӯҳи G-8 низ тақозо мекунад, то дар ҳалли вазъи баамаломада нақши фаъолтаре бозанд.
XS
SM
MD
LG