Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазъи озодии баён дар Қирғизистон


Интизор меравад, ки ба тасвиб расидани қонун «Дар бораи садову симо» аз ҷониби порлумони Қирғизистон ба нафъи шабакаҳои телевизиони мустақил ва хусусӣ нест ва фаъолияти ин шабакаҳоро озери суъол қарор хоҳад дод.

Бақит Урунбеков, як коршиноси масоъили матбуот перомуни ин мавзӯъ ба бахши тоҷикии радиои Озодӣ гуфт: «Агар президент ин қонунро имзо кунад, шабакаҳои телевизиони мустақил ва хусусии кишвараш ба мушкилоти зиёд мувоҷеҳ хоҳанд шуд».
Ӯ афзуд, ки дар ҳамин ҳол ҳамаи чиз аз ҳукумат вобаста аст ва ин ҳукумат сиёсатеро пиёда мекунад, ки бар асари он дар Қирғизистон арзишҳои демократӣ рӯ ба нестӣ хоҳанд овард. Андрей Кулинский, яке аз журналистони маҳаллӣ, ҳам ба ин ақида мувофиқ буда, мегӯяд, ки имзои ин қонун дар ҳудуди 2 500 кормандони васоити ахбор дар Қирғизистонро бидуни шуғл қарор хоҳад дод. А. Кулинский афзуд, қонуне, ки ба нафъи ҷомиъа хидмат намекунад, набояд ба тасвиб рассад.
Мурод Тоқаев,раиси иттиҳодияи иҷтимоъии журналистони Қирғизистон, низ ӣар ин аст, ки дар ин авохир вазъи озодии баён дар кишвар бад шудааст. Мурод Тоқаев гуфт, ки ин ҳолат дар васоити ахбори электронии кишвараш низ эҳсос мегардад.
Ба таъкиди раиси иттиҳодияи иҷтимоъии журналистони қирғиз, феълан дар ин кишвар ягон шабакаи телевизионие, ки аз низоми кунуниро интиқод намояд, боқӣ намондааст. Ӯ ҳамчунин мегӯяд, баъди баҳсҳои доманадор шабакаи миллии садову симои кишвар ба шабакаи иҷтимоъӣ табдил дода шуд, вале қонуни ҷадид «Дар бораи садову симо» ваколати таъйини раиси онро ба души президент вогузоштааст, ки дар ин сурат шабакаи мазкур мақоми иҷтимоъии худро аз даст хоҳад дод.
М. Тоқаев илова намуд, ки тасвиби ин қонун сабаби қатъи бархе аз шабакаҳои радиову телевизиони мустақил ва хусусии Қирғизистон хоҳанд шуд.Мурод Тоқаев вазъи озодии баён дар Қирғизистонро бо Қазоқистон муқоисанашаванда арзёбӣ кард.
Дар ҳамин ҳол, созмони Дидбони ҳуқуқи башари «Хонаи озодӣ» дар гузориши солонааш, аз рӯи натиҷаҳои соли 2007, навиштааст, ки Қирғизистон дар мавриди вазъи озодии баён дар радифи Русия ва Гурҷистон қарор дорад. Бино бар ин манбаъ, Қирғизистон чаҳор сол муқаддам дар миёни 195 кишвари ҷаҳон мавқеъи 108-ро ишғол мекард, вале Қирғизистон ба ҷои 156-ум фаромадааст.
Як нуктаи дигар бояд зикр гардад, ки аз бадшавии вазъи озодии баён дар Қирғизистон шаҳодат медиҳад ва мунҷар ба он шудааст, ки арзишҳои демократӣ дар ин кишвар зери суъол қарор гиранд, яъне дар соли 2007 дастикам 20 журналист латтукӯб шудаанд ва як хабарнигор ба қатл расидааст.
Бар асоси иттилоъи Иттиҳодияи иҷтимоъии журналистони Қирғизистон, дар ҳамин ҳол нашрияҳои «Алиби» ва «Де-факто»-и чопи Бишкек барои чопи мақолаҳои танқидӣ ба додгоҳ кашида шудаанд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки, ба гуфтаи иддае аз журналистони маҳаллии қирғиз, дар замони президенти собиқ Аскар Оқоев васоити ахбори умум озодтар фаъолият мекарданд ва қонунҳои байнулмилалӣ дар бораи матбуот риоя мешуданд.
XS
SM
MD
LG