Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия ба Абхозистон нерӯи иловагӣ мефиристад


Русия таҷаммуъи нерӯҳои ҳукумати Гурҷистон дар водии Кодории ин кишварро баҳона карда, таъкид менамояд, ки барои ҷилавгирӣ аз низоъ дар минтақаи ҷудоихоҳи Абхозистони Гурҷистон ба ин минтақа нерӯи иловагии ҳомии сулҳ мефиристад.

Ин паёми Русия замоне ба табъ расид, ки Гурҷистон тасмим гирифтааст ба узвияти Русия дар Созмони ҷаҳонии тиҷорат мухолифат кунад.

Гурҷистон аз ҳузури нерӯҳои ҳомии сулҳи Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ дар манотиқи ҷудоихоҳи Абхозистону Осетияи Ҷанубии ин кишвар, ки амалан аз ибтидои солҳои навадуми қарни гузашта соҳибистиқлол мебошанд, хушҳол нест. Бахши бузурги нерӯҳои ҳомии сулҳро сарбозони рус ташкил медиҳанд ва ба қавли Гурҷистон, сарфи назар аз ваколати Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ, яъне СНГ ин нерӯ на дар паи ҳалли осоиштаи низоъҳо, балки пешбурди манфиатҳои Маскав мебошад.

Гурҷистон умед дошт, дар Брусел ҳангоми баргузории ҷаласаи Шӯрои НАТО-Русия пешниҳод мекунад, ки чорчӯби ҳузури нерӯҳои ҳомии сулҳ дар Абхозистону Осетияи Ҷанубӣ тағйир ёбад. Вале Русия пешдастӣ намуда, иброз дошт, ки ба Абхозистон нерӯи иловагӣ мефиристад. Вазорати мудофиаи Русия бар ин ақидааст, ки ҳузури нерӯҳои ҳомии сулҳи ин кишвар омили муҳими ҷилавгирӣ аз афзоиши ташаннуҷ дар Абхозистон мебошад. Ҳамин манбаъ эълон кард, ки дар минтақа 15 посгоҳи нави назорат танзим хоҳад кард.

Феълан, дар Абхозистон 1500 афсару сарбози Русия мустақар мебошанд. Соли 1994 вақте мувофиқати ҳимояи сулҳ ҳосил шуда буд, дар минтақа 3000 сарбози кишварҳои муштаракулманофеъ ҳузур доштанд.

Аммо тарҳрези сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо Ҳавиер Солана баъди мулоқот бо Лавров дар Брусел гуфт:

"Ҳатто дар сурати ба тақозои аҳдномаи муштаракулманофеъ мутобиқ будани ирсоли нерӯҳо, ман фикр намекунам, ки ҳозир ин амал оқилона аст. Ман дӯстона ин фикрамро ба вазири рус ошкор кардам."

Солана афзуд, ки Иттиҳодияи Аврупо аз тамомияти арзӣ ва истиқлоли Гурҷистон пуштибонӣ мекунад.

Дар ҳамин ҳол, президенти Гурҷистон Михаил Саакашвилӣ ба мардуми манотиқи ҷудоихоҳи Абхозистону Осетияи ҷанубӣ муроҷиат кард.

"Ҳарчанде мо зиёдтар дар бораи сулҳ ҳарф мезанем, нерӯи сеюм дар бораи ҷанг ҳамон қадар сухани бештар мегӯяд. Мо дар бораи ғайринизомикунонӣ гап мезанем, онҳо аз номи шумо дар афзоиши низомикунонӣ сӯҳбат мекунанд. Мо дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ ҳарф мезанем, онҳо дар бораи пойгоҳҳову посгоҳҳои нави низомӣ. Мо пиромуни рушди иқтисодӣ ва имконот ҳарф мезанем, аммо ин нерӯ боз ҳам аз номи шумо дар бораи афзоиши воҳидҳои низомӣ сӯҳбат мекунад."

Президенти Гурҷистон бовар дорад, ки на Абхозистон ва на Осетияи ҷанубӣ ҷонибдори муқовимат бо Гурҷистон нестанд.

XS
SM
MD
LG