Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазъи озоди баён дар Русия


Дар масъалаи маҳдудсозии озодии баён дар Русия ахиран Думаи давлатӣ беш аз ҳар шохаи дигари мақомоти ин кишвар талош доранд.

Ҳизби «Русия воҳид» бо ҷонибдорӣ аз маҳдудсозии ширкати хабарнигорони мустақил дар ҷаласаҳои ҳаррузаи ҳукумат, хостори истифода аз чунин таҷриба дар Думаи давлатӣ шудааст ва ҳамзамон дар пайи воридсозии илова бар қонуни «Расонаҳои гуруҳӣ» мебошад, ки муҷозот барои туҳмат ба шаҳрвандонро дар назар дорад.


Ин илова ба банди 16 қонуни «Расонаҳои гурӯҳии Русия бо ибтикори намояндаи ҳизби ҳокими парламонии «Русия воҳид» Роберт Шлегел ворид шудаст ва рӯзи 25 апрел дар Думаи давлатӣ дар хониши аввал ба имзо расид.


Ин дар ҳолестки яке аз муаллифони қонуни феълии «Расонаҳои гурӯҳии Русия» Михайл Федотов мегуяд; намояндаи парламон дар бораи ин қонун иттилоъи дуруст надорад ва иловае ки ироъа кардааст, ба қонунгузории фаъоли кишвар муғойират дорад.

Аз ин ибтикори Думаи Давлатии Русия раиси Маркази дифоъ аз ҳуқуқи расонаҳои гурӯҳӣ Галина Арабова ҳам интиқод кард. Вай гуфт, ибтикори Думаи давлатӣ барои мансабдорон роҳи бастани хабаргузориҳои озодандешро ҳамвор месозад.

Алексей Симонов, раиси Бунёди дифоъ аз озодии баён, ҳам бар он аст, ки мансабдорон бо тасвиби илова ба қонуни «Расонаҳои хабарӣ» мехоҳанд ҳар навъ интиқод аз фаъолиятҳои худро хунсо бисозанд. Алексей Симонов афзуд, чанде пеш гузоришот дар мавриди ифротгароиро мухолифат бо дидгоҳи мақомот арзёбӣ мекарданд, акнун интиқоди андак сахттар метавонад туҳмат арзёбӣ гардад.

Ин дар ҳолест, ки Дмитри Меведев, раисҷумҳури тозаинтихоби Русия, рӯзи 29 апрел дар мулоқот бо ҳайати эҷодии рӯзномаи «Аргумети и факти» дар Маскав кишвари худро беҳтарин кишвари озодии баён номид ва аз фаъолияти шабакаҳои телевизиони ки чеҳраи вайро дар руз чандин бо намоиш медиҳанд,ситоиш кард.

Дидгоҳи Димитри Медведев дар мавриди озодии баён дар Русияро В. Путин, раисҷумҳури фаъоли ин кишвар, қаблан таъид карда буд. В. Путин дар посух ба интиқоди коҳиши озодии баён дар Русия бо вокуниши шадид иддаъо кард. Ба гуфтаи ӯ, солҳои 90 матбуот чунин озодӣ надошт, ба ин далел ки шабакаҳои миллии телевизионӣ зери дастӣ гуруҳи олигарҳо буд. Вай ҳамчунин назорати давлат бар шабакаҳои телевизиону радио, телевизиони кабелӣ ва ба интернетро рад кард. Путин исрор кардааст, ки танҳо як шабакаи Русия моли давлат ва баёнгарӣ дидгоҳи давлат аст, вале шабакаҳои якум ба сармоягузорони хориҷӣ ва НТВ ба ширкати ГАЗПРОМ мутаалиқ ҳастанд.


Ин дар ҳолест, ки бахши аъзами мунақидони ватанӣ ва хориҷии В. Путин бад ин назаранд, ки маҳз дар замони салтанати Путин ибтидо аз солҳои 2000 шабакаҳои телевизионии ОРТ, РТР ва НТВ таҳти тасаруфи давлат қарор гирифтанд. Шабакаҳои радиоии хориҷӣ дар Русия чун пештара аз тариқи мавҷҳои маҳдуде пахш мешаванд, ки мардум ба онҳо дастрасӣ надошта бошанд.


Дар ҳамин ҳол бахше аз мардуми Русия аз пахши барномаҳои фаҳшу зуроварӣ ва миллатгароӣ эътироз кардаанд, вале давлатдорон аз ин мавзуъҳо камтар андешидаанд ва ҳамвора дар пайи он будаанд, ки аз интиқод аз шахсияти худ ҷилавгирӣ намоянд.


Бино ба гузориши Созмони байналмиллали «Хабарнигори бидуни марз», пас аз пошхурии Шӯравӣ дар Русия 133 хабарнигор ҷони худро аз даст додаанд, вале тафтиши паравандаи куштори онҳо ,аз ҷумла ривояти асли куштори Пол Хлебников ва Анна Политковский ҳануз ошкор нашудааст..
Фредом ҳавз ва ё Хонаи озодӣ созмони байнулмиллалии дидбони ҳуқуи башар дар охирин гузориши худ рузи 30 апрели соли равон эълом кард, соли 2007 вазъи озодии расонаҳои гуруҳи дар Русия боз ҳам бадтар шудааст.

XS
SM
MD
LG