Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номзади ҳизби ҳоким дар интихоботи Тоҷикистон пирӯз эълон шуд


Дар интихоботи иловагӣ ба Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон дар ҳавзаи шумораи 30-и Румӣ номзади Ҳизби Халқию Демократии Тоҷикистон, Холназар Мамадалиев пирӯз эълон шуд. Раиси дастгоҳи Кумисюни марказии интихоботии Тоҷикистон, Муҳибулло Додоҷонов мегӯяд, дар интихобот наздик ба 99%-и интихобкунандагон ширкат намуданд ва номзади ҳизби ҳоким қариб 86%-ди раъйҳоро ба даст овард. Ба тарафдорӣ аз номзади Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон Паншанбе Ғайратов ҳамагӣ 13%-и интихобкунандагон раъй доданд. Ҳизбҳои Наҳзати Ислом, Сотсиал-Демократ ва Демократи Тоҷикистон аз ширкат дар интихобот ба нишони нобоварӣ ба шаффофияти он худдорӣ карданд.
XS
SM
MD
LG