Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Токио: интернеткафе – манзили зисти ҷавонон


Ҳукумати Жопун барои ҷавонони ниёзманди ин кишвар, ки шабҳои худро дар интернеткафеҳо мегузаронанд, як маркази дастгирӣ боз кардааст.

Ин гуна ҷавононро дар инҷо “паноҳандагони интернеткафеҳо” меноманд.
Ҳарчанд иқтисоди кишвар пас аз рукудаш дар солҳои 1990 аз нав эҳё мешавад, аммо бисёре аз мунтақидин мегӯянд, ки ҳукумати Жопун натавонистааст, ба қадри басанда барои ҷавонон ҷои кор офарад, аз ин рӯ дар кишвар табақаи нави камбизоъатони шаҳрӣ пайдо мешавад.
Соли гузашта вазорати кори ин кишвар эълом карда буд, ки дар Жопун тақрибан 5500 нафар ва аксаран ҷавонон, ки корҳои муваққатӣ мекунанд, хона надоранд ва шабҳои худро асосан дар интернеткафеҳои пойтахт – шаҳри Токио – рӯз мекунанд.
Гуфта мешавад, дар интернеткафеҳо, ки шабонарӯз кор мекунанд, метавон ҳам ғизо харид, шустушӯ кард ва дар курсиҳои роҳати он хоб намуд. Аз ин рӯ ҷавонони кампули жопунӣ, ки барои иҷора пул надоранд, ба ҷои иҷора гирифтани манзили зист бо қимати баландтар ҳам бошад зиндагӣ дар интернеткаферо авлотар медонанд.
Ҷиҳати ёрӣ ба ин гуна ҷавонон ҳукумати Жопун дар нахустин гоми худ дар шаҳри пурғавғои Шинҷуку маркази кумак ҷавононро таъсис додааст. Дар ин марказ ба ҷавонон тақрибан 2000 доллар қарз барои рӯзгузаронӣ ва 4 000 доллар барои иҷора дода мешавад ва мутахассисон ҳам ба онҳо роҳҳои сарфаи маблағ ва пайдо кардани ҷои иқомати дурустро меомузанд.
Вазорати кори Жопун ҳамчунин тасмим гирифтааст, ки ба ҷавонони ба марказ муроҷиъаткунанда доир ба хадамоти тиббӣ ва ҷустуҷӯи кор иттилоъи зарурӣ диҳад. Исао Масумото як намояндаи вазорати кор гуфтааст, ки аз ҳоло марказ дархостҳои зиёд гирифтааст. Ба қавли вай онҳое, ки ҷои иқомати дуруст надоранд, дар пайдо кардани кори дуруст азоб хоҳанд кашид.
XS
SM
MD
LG