Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешниҳодоти хонандагон дар мавриди рушди иқтисод


Иқтисоди Тоҷикистон

Чӣ бояд кард, то он рушд бикунад?

Ном: Махмуд аз: Душанбе

25.04.2008 17:17

Дар рохбарони мо хиси милишиноси нест. худ тасвур кунед барои схиби вазивае шудан масалан рохбари нохия он камаш 100х долар сарф мекунад.Акнун худ тасавур кун вай чи хел кор мекунад.Вой ба ин холи милату давлат.

Ном: karim аз: dushanbe

25.04.2008 16:48

baroi on ki iktisodi tojikiston rushd kunad , hamin ravand boyad idoma yobad , yane duzdidan , mahalgaroi , ba kheshu tabor baxshidan , yak nohiyaro ovarda ba umumi millat hukmron kardan , rui rost kumakhoi bonki jahoni va sanduki pul duzdidan , mardumro dar ghulomi nigah doshtan , ba changhoi guzashta tarsondan , besavod kardan , behuvviyatu bedinu bemazhab kardan va hazor kardanhoi digar , .... iktisod rushd mekunad , On chunon rushd mekunad ki iktisodi Avrupo dar peshi Tojikiston zonu khohad zad .

Ном: Мирзо аз: Вахдат

25.04.2008 12:02

Барои чи хакикатро ба мардум намоиш намдихед, рузи гузашта ман як нома навишта будам, то хол дарч нагардидааст. Аз ин хулоса кардан мумкин аст, ки дар хамин чо хам тарсу бим аз рохбарони ноухдабарои хозираи мо вучуд доштааст.

Ном: Кишвар аз: Кулоб

24.04.2008 19:56

Дар рохбарони мо агар хиси милатшиноси пайдо шавад икдисодиети мо онгох пеш меравад.

Ном: Yoqub Salimov аз: sizo

24.04.2008 15:15

то вакте ки монополия вучуд дорад ба гуфти SAFOI DANGARAGI "умеди рушд" накунем хам мешавад. дигар корупсия; бюрократия; махалчиги; хешу таборбози;... уф, хулоса, ки саддхои бузургест барои рушди ватани Чоночонамон!!!

Ном: Тилло аз: Вахдат

24.04.2008 11:44

Ба тамоми халки точик равшан аст, ки сутуни иктисодиёти Точикистон ин вилояти Сугд аст. Кадрхои вилояти Сугд хеле пеш рафтаанду феъли махалчиги намемонад, ки онхо ба сари кор оянд. Аз хамин сабаб мансабпарастиро ба як су монда кадрхои сугдиро ба сари давлат оварда аз онхо бояд тачриба омухт, на ин ки бехуда мардумфиреби, чи хеле ки дар урфият мегуянд: "Дидед ки нашуд, монед ки равад". Хама халк дида истодааст, ки рохбарони имрузаи мо аз ухдаи идораи давлат набаромада истодаанд. Обруи камтар бошад хам гирифтаи худро нигох доранду вазифаро ба кадрхои пешрафтаю ухдабаро супоранд (чи хеле ки Ельцин Б.Н ба Путин В.В.)

Ном: Мирзо аз: Кулоб

24.04.2008 10:52

Аз рохбарияти Радиои Озоди хохиш менамоям, ки хамаи фикрхои дар ин сайт омада ба тамоми рохбарон шунавонида шавад ва барои халк тарики телевизион (чи хеле ки баромадхои президент намоиш дода мешавад, дигар шабакахоро намоиш надода) ва радиохои чумхури намоиш ва шунавонида шавад. Шояд ки рохбарон аккалан шарм медоштанд, ё вакти мурданро фикр мекарданд, ки халкро ба чи оварда расониданд. Наход аз 6 миллион нафар ахоли дуои 1 нафар нагирад? Бас аст шикампарасти. Аз хисоби халк ба хафтод авлодатон мерасидаги пулу молро чамъ кардетон. Ба катори миллардерхои дунё дохил шудетон, монед ки халк акнун озод нафас кашида рузашро бо умеди фардои нек гузаронад.

Ном: Сироджиддин аз: Душанбе

24.04.2008 10:28

Халки точик медонад, ки ин корхо аз тарафи сиёсатмадорон дар 100 сол хам хал карда намешавад, бо вучуди он, рущди иктисодиёти Точикистонро ман дар он мебинам, ки сараввал тамоми рохбарони хозираи хукуматхои шахру нохияхо ва чумхури озод карда шуда, хуни рохбарони навро аз порагирию ришваситони ва ситоиш намудани сардор тоза намуда, конун дар бораи чазои чисмони дар назди халк (буридани дасте, ки бо он пора гирифтааст) барои порагирхо бароварда шавад. То дигарон донанд, ки вакти гирифтани пора онхоро чи интизор аст. Баъд ин методи корро ба рохбарони структураи прокуратура, суд, макомотхои корхои дохила, андоз, гумрук, комиссириати харби, нотариус ва дигар корхонахои саноатию молияви истифода бурд. Дар хамин холат метавонад Точикистон аз ин балохои ба сараш омада рахо шаваду иктисодиёташ боло равад.

Ном: Рауф аз: Душанбе

24.04.2008 10:27

Салом ба хамаи шумо хамватанони азиз то вакте ки дар точикистони азизамон рохбархоямон вазифаро бо пули калон мехаранд хеч вакт мо бояд умеди ободи ин ватанро накунем аз кучо умеди ободи кунем барк нест дар инкадар гарми хаво барк кучо мешавад чаро мардуми точик то хол хакикатро намедонад хакикат факат дар ваъдахои дуруг хасту бас магар модари точик дигар раиси чумхур зоида наметавонад кариб тули 15 сол хаст ки аз ваъдахо сер шудем на дигар телевизонаш рост мегуяд на хукуматдоронаш то кай дар чашми мардум хок мепошанд охир монда шудем аз ин афсонаю сафсатахо

Ном: Fahim аз: Ozodi

23.04.2008 19:07

Hukumat bo syosati darhoi boz va sarkub kardani muxolifini syosi va ektisodiash dorad poi xudro ba tabar meburad. in yslybe ki pesh giriftaast jawobgyie mushkiloti mardym nest va taghir dar kadr hoi dawlati lozim hast.

Ном: Gharibi dilsard

23.04.2008 19:00

Agar tojikistonro ba yak organizma shabohat dihem:
vay dar bistari marg ast, zero darde ki hujraho mekashand ba markazi asab namerasad. Akli in vujud masti hirsi zindagist gofil az zaxmi margovari vujudash.
Dar in holat man 2 chiz ibroz kardaniam:
1. Dar holate ki kisme az odamon fikr dorand iktidor na, digare iktidor dorandu nangi milli na, lofi bisyor lozim nest. Mo intizori mujizae meshavem to Yazdoni pok in jismro shifo baxshad.
2. In organizma az uzvho chize intizor nashavad, magar onki vujud xud ba harakat oyad bar zidi marazi xesh. Sodatar guyem, tanho harakati mutlaku vohidi xalk metavonad xeshro najot dihad, vale in ham dushvor ast zero xalk bo osoni metavonad bozichai geopolitiki shavad.
Xullas, tarsi banda on ast ki mo hangome xohem in marazro tashxis kunem, ki malakulmavt dar pasi dar intizor ast. Injo mo yagona umed boz az nav bargashta xatoamonro isloh kardanro dorem, vale dinan masbut ast, ki hangomi marg tovbav nadomatho foidae namebaxshad.
Chi guyam ki XAT GHALAT IMLO GHALAT INSHO GHALAT MANO GHALAT.....

Ном: Fahim аз: Ozodi

23.04.2008 18:12

Hukumati feli tojikiston bo syosathoi darhoi boz fikr mekunad ki darin dynyoi pahnowari du kutbi ba joie merasad vale in mahz eshtiboh chizi digare nest, chyn ba misli (Gusfandi dy modara dar bain mondaast namedonad az ryie fasodi doxiliash ba kadom jihat bowar kardy dasti yori daroz kard Rysiya va Amerika) va in chynin alon Dodgoh ki mirosi padarash mondaast to raft Moli mardymro az tariki konyni dyryghin mesitonand. Hukumati feli jawobgyie mushkiloti mardym nest va na tamomi syosatho va avzoe mitakaro dark mekunad. taghirot dar kadrho myhim ast.

Ном: davron аз: Dushanbe

23.04.2008 17:06

Салом ба хамаи Шумо,

Бехбудии Точикистон ва пешрафти иктисодиёташ аввал дар дасти Худованди яккаву ягона хаст. Худованд ба мо низ масъулият додааст, ки харакат кунем. Аммо сад афсус, ки баъзехо садди рохи сохибкорон мешаванд. Харчанд ваъдахои дуругро аз минбархои баланд мегуянд вале дар асл системаи бонкхо, кумитаи андоз ва дигар хадамотхои давлати баръакс монеахоро дар пеши рохи рушди сохибкори мегузоранд. Бисёр сохибкорони асил маблагхои худро дар хорича мегузоранд чунки банкхои хорича кафолат медиханд ва дар баробари ин давлатхои хорича кафолати сохибкоронро медиханд. Дар ин чо чи? Факат мегуянд ин аз Хасан ... ин аз Домоди калони .... Ин аз сартароши хонадон... Ин аз фалон. Ягон сохаи иктисодиётро хуб рушд дехи аз дастат кашида мегиранд ва мегуянд ба Хасан хеле маъкул аст ва метавони аз Точикистон рави.

Бародарон ва хохарон гап занед чи кор бояд кард???

Ном: Highlander аз: Khorog

22.04.2008 20:00

Точикистони мо баъд аз бархам хурдани Хокимияти Шурави факат бо вахдахо зиндаги кардааст. То холо хам хукуматдорони мо факат ваъда мекунанду, халос. Ба фикрам Точикистони мо то 15-20 хам рушд нахохад кард, чунки хукуматдорон бачои кор вахда мекунанд.
Фикри шахсии ман барои рушд Точикистон:
-Бештар сармоягузории дар сохаи Неругохои Баркии
- Ба дарачаи баланд ва озод нигох доштани сохаи сохибкории хурд ва миена.
- Гарчанде, ки мо сарватхои зеризамини надорем (газ, нефть) хукумати мо бояд ба таракиети сарватхои одами (человечиские ресурсы)такя кунад.

Ном: davlatbaig аз: kyrghonteppa

22.04.2008 11:42

Boyad taghiroti kylli dar sokhtori maorif dokhil namud va ilmu sohibilm joygohu kadru kimmati khudro dar jomea yobad

Ном: Шахриёр аз: Маворуонахр

21.04.2008 14:22

То он вакте, ки мансабфуруши хаст иктисодиёти Точикистон боло намеравад, чунки рохбарон мансабро мехаранд.

Ном: SAFO аз: KANGRT

21.04.2008 12:41

TO VAQTE KI HAROM KHURI RISHVA KHURI DUZDI AZ KHUDO BEXABARI AZ BAIN NARAVAD UMEDI RUSHD NAKUNED

Ном: Дарвеш аз: Курогонтеппа

21.04.2008 08:43

Барои рушди иктисодиёти Точикистон бояд хар як рохбар барои халку милат софдилона кор кунад на онки барои кисаи худ. Мисоли одди бахама маълум аст. ки заминфуруши дар тамоми вилояти Хатлон бовусъат давом дорад ва ягон шахсе, ки замин харидааст пули заминро конуни дар идораи дархлдор насупорида ба раисони чамоат, хочагии дехкони ё кумитаи замин месупорад, агар хамин заминхоро конуни ба фуруш мебароварданд, пулро ба давлат месупориданд иктисодиёт факат аз пули заминхои аз соли 1994 то хол фурухташуда барвакт ба дарачаи оли баланд мешуд, чунки хозир дар нохияи Бохтар ва ш.Кургонтеппа 1 сотих замин 1000 1200 доллари амрикои мебошад.Ва худ фикр кунед чи кадар заминхоро фурухтанд хама пул дар кисаи рохбарон, Дар шахри Кургонтеппа ягон чои кушод дар майдончахои байни хонахо ё кудакистонхо ё ягон гардиши муассиса намонда хамаро фурухтанд. Мисол майдони 70 солагии водии ВАШХ ру паруи хукумати вилоят вакте, ки аз болои купрукба майдон менигаристем халоват бурда тамошо мекардем, холо бошад магазин бино намудаанд, ки манзараи зебои Майдони 70 солагии Вахшро махкам кардааст.Ин 1 мисол ва гайраву хоказхо.

Ном: Абдумачид аз: Хучанд

20.04.2008 23:37

Чи худро алдаву сулда мекунем шаф-шаф нагуфта шафтолу гуфтан даркор. Хак ин Хак аст. Худованд моро офарид ва Конунашро хам дод. Мо хак надорем дар замини Аллох конуни худро барорем. Хама Конун дар Куръону Аходис аллакай аст. Хам иктисод, ичтимоъ ва хам сиёсат. Аллохумарзукна би давлати Ислам.Омин!

Ном: Хуштакбой

20.04.2008 18:41

Гарчанде давлатдорони хукумати вакти кишвар аз демократи будани Точикистон сухан мекунанд, вале сиёсати замон нишонгари он аст, ки ин хукумат супер авторитари мебошад. Ба акидаи банда то замоне, ки ин система дар кишвар бархам нахурад, бехбудиеро интизор шудан гайри имкон аст.
Чунки бубинед, дар Точикистон дурнамои рушди иктисодии муайяне мавчуд нест. Дар холе, ки дар ин ришта чандин муаасисоти баландпоя кор мебаранд. Сабаби бад будани корбурд реша ба реша дар ин самт мавчуд будани коррупсия аст. Мисли дигар сохахо....
Ба акидаи ман ягона рохи рахои бояд ба сари хокимияти вакт нафарони фидои рох ёбанд. Барои ба сари хокимият омадани чунин нафарон андеша бояд кард. Илло, холамон аз ин руз хам табох хохад шуд!

XS
SM
MD
LG