Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қаноатмандии сарвазири Ироқ аз раванди оштии миллӣ


Сарвазири Ироқ гуфт, талошҳои оштии миллӣ комёб шуда, ҳамаи эътилофҳои сиёсӣ розӣ шуданд, ба ҳайати ҳукумати таҳти назорати шиъаҳо баргарданд. Як ҳафта пеш аз ин изҳороти Нурӣ ал-Моликӣ эътилофи асосии сунниҳои Ироқ эълон карда буд, ки усулан ба ҳамкорӣ дар ҳукумати шиъаҳо мухолифат надорад. Ин эътилоф ширкаташ дар ҳукумати Ироқро нуҳ моҳ пеш қатъ карда буд.
XS
SM
MD
LG