Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешгӯии як соли пурхушунат дар Афғонистон


Як генерали аршади амрикоӣ гуфт, ки бо афзоиши ҳамлаҳои шӯришиён ба полис ва барномаҳои барқарорсозӣ, ба эҳтимоли зиёд мизони хушунатҳо дар Афғонистон имсол ба авҷи аълои худ мерасад. Генерал-майор Ҷефри Склессер, ки раҳбарии ин нирӯҳоро ба ӯҳда дорад, гуфт, ки ҳанӯз ҳам шумори зиёди шӯришиён ба Афғонистон аз хоки Покистон ворид мешаванд. Баъди суқути режими толибон дар соли 2001, соли гузашта аз хунинтарин сол дар таърихи Афғонистон унвон мешавад. СММ мегӯяд, ки дар тамоми ин муддат, бар асари хушунатҳо беш аз 8000 нафар ҷони худро аз даст додаанд.
XS
SM
MD
LG