Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фармондеҳи Толибон ба хатми хушунатҳо даъват кард


Тибқи гузоришҳо, як фармондеҳи аршади Толибони Покистон пайравони худро амр додааст, ки ҳамлаҳоро болои артиши давлатӣ хотима диҳанд. Фармондеҳ Байтуллоҳ Масъуд варақаи чопиеро ба ин мазмун ба нашр расонида онро дар манотиқи қабиланиш воқеъ дар марзи Афғонистон паҳн кардааст. Ҳукумати нави Покистон мегӯяд, ки хоҳони музокира бо ҷангиёни исломӣ мебошад. Рӯзи душанбе мақомоти Покистон яке аз муассисони гурӯҳи мамнӯъшудаи исломиро аз ҳабс озод карданд, ки ин иқдоми онҳо мавриди истиқболи Толибон қарор гирифт.
XS
SM
MD
LG