Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иттиҳомоти тарафайни Русия ва Гурҷистон


Русия гуфтааст, парвози ҳавопаймои бехалабони Гурҷистон дар фазои минтақаи ҷудоихоҳи Абхазия нақзи созишномаи оташбаси Созмони Милал аст. Изҳороти Вазорати умури хориҷии Русия дар ҳоле нашр шуд, ки Гурҷистон Маскавро ба суқути ҳавопаймои иктишофияш дар фазои Абхазия дар рӯзи шанбе айбдор кард. Имрӯз Шӯрои Амнияти Созмони Милал бӯҳрони ахири миёни Маскав ва Тифлисро рӯи Абхозистон баррасӣ хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG